Аз гуфти падар бурун марав хор шави,
Бар сад аламу чафо гирифтор шави.
Вакте накуни хулосаи ин хама хол,
Умре ту ба гам афтию гамдор шави.
Медон, ки падар ягона гамхори ту аст,
Бояд ки ба у мунису гамхор шави.
Дилсузтар аз у набувад хеч касе,
Бояд, ки ба у ёри вафодор шави.
Рохи падарат дони агар рохи мурод,
Эмин зи хама балову озор шави.
Он гах бишавад шухрату шони ту баланд,
Пешаш биравию пас паи кор бишави.
Аз захмати худ файз биёби, эй дуст,
Гар панди падар ба чон харидор шави.