ҚОШ ЧИНДАН 2
Чиндани абрӯ (қош) ба таври пурра ва ё баъзе аз он бар зани мусалмон ҳаром аст.
Ин кор ба ҳар роҳе, ки анҷом дода шавад, чи ба роҳи тарошидан, ё кӯтоҳ кардан, ва ё чиндану кам кардан ва истифода аз апарати муйчин ва ғайра... комилан ҳаром аст.
Зеро ин кор ҳамон «намс» аст, ки мавриди лаънат ва нафрини Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам қарор гирифта аст.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам занонеро, ки қошҳои худро мечинанд дар лаънату нафрин қарор дода аст, ба ин монанд;
«لعن رسول الله صلى الله عليه وسلم النامصة والمتنمصة»
"ЛАЪНА РАСУЛУЛЛОҲ САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ ан-НАМИСАТУ ВАЛ-МУТАНАМИСАТ"
«نامصه» "НАМИСАТ"
ба зане гуфта мешавад, ки ба фикру хиёли худаш қош