Алвидоъ Рамазони Карим.
Сад дареғо шоҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон, моҳи Раҳмон меравад.
Карда моро ҳамчу тифли бегуноҳ,
Моҳи Ҳақ аз эҳсон меравад.
Ҷисму ҷонро пок карда аз гуноҳ,
Поксози қалби инсон меравад.
Даҳаи аввал чу раҳматбор буд,
Раҳм афзун карда хандон меравад.
Буд гуноҳсуз даҳаи мағфираташ,
Карда фориғ аз гуноҳон меравад.
З-оташи дузах раҳо карда ҳама,
"Итқум минан нар" алъон меравад.
Муъҷизаофар шаби қадраш чи хуш,
Моҳи имон, моҳи Қур'он меравад.
Меҳрубонӣ карда баҳри муслимин,
Моҳи покон, моҳи шоҳин меравад.