ДАР 80 СОЛАГИИ ПАДАР
Рӯзи зодрӯзи падарам номаълум аст, аммо бо омадани соли 2024 ба синни мубораки 80 расиданд. Дирӯз гуфтам: - Додо, рӯзи таваллуди шумо чаро маълум нест? Гуфтанд: - Бечем, бибиат гуфта буданд, ки Фатҳулло вақти гули себ таваллуд шуда буд. Вале ман гули себро интизор намешавам ва падари бузургворамро, ки моро бо нони ҳалоли чӯпонӣ бузург кардаанд бо як чанд рубоӣ таҳният мегӯям.
***
Боло зи ҳама хазинаи ганҷ, туӣ,
Доноиву як пири сухансанҷ, туӣ.
То мо ҳама бар қуллаи мақсуд расем,
Як раҳбаладу кашандаи ранҷ, туӣ.
***
Дар синаи ман мудом меҳри падар аст,
Равшан зи чароғи рӯш даргоҳу дар аст.
Дастони дуо-ш аз бало гардонад,
Ҳар гоҳ ки ҷони