Падар рафту ба ман панди падар монд,
Ба дил чун шуълаи шамси сахар монд.
Наку дорам, наку панди падарро,
Ки хамчун тушаи рохи сафар монд
Ёд омад пеши ру руйи падар,
Мисли барфи ёлахо муйи падар.
Ду равоки чашми у бар чашми ман,
Барки чашми ман ба абруйи падар.
Боз гуё мешуниди хар ду гуш
Пандхои ту иди некуйи падар:
«Сад такопуйн падар созад писар.
Он наарзад бар такопуйи падар.
Ёри нони сад ба чонат нон шавад,
У надорад кимати муйн падар».
Киблаи обову чаддам Каъба аст»
Киблаи ман, дустон, суйи падар.
Хизрчуйхои мо аз гумрахист.
Як вачаб дар пешамон куйи падар.
Гар зи наздаш то ба гардун меравам.
Бар машомам мерасад буйи падар…