дасти аҷал.
Биё, эй толиби ҷаннат, дуруди Мустафоро гӯ
Шунида номи он Ҳазрат, дуруди Мустафоро гӯ.
Саҳар аз хоб чун хезӣ, зи дида ашки хун резӣ,
Диле бо дард омезӣ,дуруди Мустафоро гӯ.
Паси ҳар тоату одат, фароғи шодиву ҳасрат,
Чу майлат ҳаст бар Ҳазрат, дуруди Мустафоро гӯ.
Чу рафтӣ ҷониби масҷид, ки то гардӣ дар он соҷида
Гирифтӣ роҳи Ҳақ бо ҷид, дуруди Мустафоро гӯ.
Агар мушкил ба сар дорӣ, тариқи пурхатар дорӣ,
В-агар майле ба зар дорӣ, дуруди Мустафоро гӯ.
В-агар ӯро талиб дорӣ, на оҳи нимашаб дорӣ,
Чу қалбу кому лаб дорӣ, дуруди Мустафоро гӯ
Ба ҳар махфил, ки биншинӣ, ҷамоли дӯстон бинӣ,
Баро як дам зи худбинӣ, дуруди Мустафоро гӯ.
Чу бар бӯстон гузар кардӣ, назар кардӣ,
Машоматр