Чун қадам мондӣ ту бо роҳи дилам,
Равшанӣ овардӣ, эй моҳи дилам.
Чашм пойандози ташрифи ту буд,
По ниҳодӣ чун ба даргоҳи дилам.
Лаҳзае бар марзи дил чодар задӣ,
Қаср шуд он лаҳза хиргоҳи дилам.
Шоҳи мулки дил ту будӣ як замон,
Дил ба фармонат буд, эй шоҳи дилам.
Пур буд аз оҳанги шодиву фараҳ,
Бемуҳобо субҳу бегоҳи дилам.
Дӯст гуфтам, кош медонистаме
Худ будастӣ ëри бадхоҳи дилам.
Хонаи дил сӯхт, чун рафтӣ зи ман,
Оқибат гирад туро оҳи дилам.