Дилам намебардорад!
Рафтиву дилам чу манзилам холӣ шуд,
Танҳои туро дилам намебардорад.
Як боғ зи доғи рафтанат пажмурда,
Саҳрои туро дилам намебардорад.
Дарёи сиришки ғам надорад соҳил,
Маҷрои туро дилам намебардорад.
Овози ту дар гуши хаёлам боқист,
Овои туро дилам намебардорад.
Дар кӯзаи ғам гули алам реша гирифт,
Гулхои туро дилам намебардорад.
Ин ҷо ману он ҷо туву дигар хама ҳеҷ,
Он ҷойи туро дилам намебардорад.
Дар олами пур аз туву холӣ аз ман,
Дунёи туро дилам намебардорад.
Рафтиву ғами нарафтаат дар дил монд,
Ғамҳои туро дилам намебардорад!
Гулрухсор