Агар чанде Сулаймони ба хоки дахр яксони,
Ваё Чамшеду Хокони ба хоки дахр яксони.
Агар канду асал нуши,агар малбуси зар пуши,
Ба мохруён дар огуши ба хоки дахр яксони.
Агар чи фарди даврони,ба тахти хеш султони,
Ту андак руз мехмони ба хоки дахр яксони.
Агар чи шохи Турони,ки зур аз шери гурони,
Писанди пахлавонони ба хоки дахр яксони.
Ба ёди руи чонони,чунун сина бирёни,
Чу булбул газалхони ба хоки дахр яксони!