Зани фақире, ки хонаводаи кучаке дошт, ба як барномаи радиои тамос гирифт ва дар идомаи суҳбат аз Худо хост, ки ба у кумак кунад. Марди бе имоне, ки ба ин барнома гуш медод, тасмим гирифт, ки занро масхара кунад. Суроғаи уро пайдо кард ва ба ёвараш дастур дод, ки миқдори зиёди маводи ғизои бихарад ва ба хонаи у бибарад. Зимнан ба ёвараш гуфт: Агар он зан пурсид, ки чи касе ин ғизоҳоро фиристодааст, бигу, ки кори шайтон аст. Вақте, ки ёвари он мард ба хонаи зан расид, зан хеле хушҳол ва шукргузор шуд ва ғизоҳоро ба хонаи кучакаш бурд. Ёвари он мард пурсид: Намехоҳи бидони, ки чи касе инҳоро фиристодааст? Зан гуфт: На муҳим нест. Вақте, ки Худо амр кунад, ҳатто шайтонҳам фармонбардори мекунад.