Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ ва олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ, аммо баъд…
Ассалому алайкум бародарони аҳли имон ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Ҳамаи шуморо ба ин рузи муборак, рузи иди Фитр муборак мегуям. Худованд аз мову шумо рузаву намоз ва ҳама амалҳои солеҳро қабул фармуда бошад. Худованд моро аз ҷумлаи озодшудагони аз оташи дузах, аз ҷумлаи касоне, ки ба онҳо раҳмат намудааст ва аз ҷумлаи касоне, ки ба онҳо мағфират намудааст гардонида бошад. Ин рузи ид барои мусалмонон сазовор аст, ки хурсандӣ кунанд, баъди оне, ки як моҳ дар тоъат ва ибодати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло буданда, як моҳ дар ин тобистон нафси худро барои итоъати Худованд сархам кар