Ба сӯи хонадони Ту дилам гум мезанад Модар,
Ба нури дидагони Ту дилам гум мезанад Модар.
Шабонгаҳ ки бар гардун ситора мезанад чашмак,
Ба чашми меҳрубони Ту дилам гум мезанад Модар.
Ба ҳар маҳфил сухан гӯям садои Ту расад бар гӯш,
Ба оҳанги баёни Ту дилам гум мезанад Модар.
Ба ман ту шифои дарди сар фиристи то амон бошам,
Ба армони нигоҳи Ту дилам гум мезанад Модар.
Ба нози ман ниёзи маё дили дард ошёне ку? Ба лутфи бехазони Ту дилам гум мезанад Модар.
Касе мисли ту ошиқ не,ба ин ҷону ҷаҳони ман,
Бимирам дар ҷаҳони Ту дилам гум мезанад Модар.
Баҳор асту дилам дар хонаи тангам намеғунҷад,
Ба кунҷи ошёни Ту дилам гум мезанад Модар.
Ту ҳастиву маро парвои меҳру меҳрубони нест,
Ба меҳри ҷовидони