Нашунидам нагӯед! Дар мактаби миёнаи рақами 37 барои хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, китобхона, толори хониш сохта шуда истодааст. То ҳол аз тарафи собиқ хатмкунандагони мактаб Аҳмедов Ҳикматулло 5000 рубл, Умаров Шерозбой 5000 рубл, Сатторов Муҳибҷон 5000 рубл, Каримов Умедҷон 5000 рубл ва Исмоилов Икромбой барои 1 тонна семент ёрӣ расониданд. Илоҳо, омади кори ин саховатмандонро Худо дучанд гардонад!!! Мо умед дорем, ки Шахсони саховатпеша боз ёфт мешаванд, ва дасти ёрӣ дароз мекунанд. Чунки сохтмони китобхона 20 метр ×10 метр. Ин хеле сохтмони калон мешавад. Ҳоло устоҳо пойдевори биноро рехта истодаанд.