Эй офтоби хона, модар маро дуо кун. Ҳастам кунун равона, модар маро дуо кун. Дар дил ҳамеша дорам уммеди бозгаштан, Эй беҳтарин баҳона, модар маро дуо кун. Хоҳам, ки дар канорат сар монаму бихобам, Баргуиям фасона, модар маро дуо кун. Нахли саодати ман сабз аст аз дуоят, Дар боғи пурҷавона, модар маро дуо кун. Бар даргаҳи Илоҳӣ чун мекушоӣ бо меҳр Дасти дуо шабона, модар маро дуо кун. Гарчанд дурам аз ту, дил бо дили ту якҷост, Эй дар дилам ягона, модар маро дуо кун. Як руз ханда бар лаб аз дар ҳамедароям, Бо шеъру бо тарона, модар маро дуо кун