Рузгоре буд дар дори куҳан,
Зиндагӣ мекард дар он пиразан.
Пиразан як шаб Худоро дид ба хоб,
Кард суоле аз Худо бигрифт ҷавоб.
Гуфт Худоро бекасу танҳо манам,
Аз барои диданат шайдо манам.
Орзу дорам шави меҳмони ман,
Пораи ноне хури аз хони ман.
Лаҳзае хоҳам, ки ҳамрозам шави,
Дар дами танҳои дамсозам шави.
Шуд пазиро даъвати уро Худо,
Гуфт: фардо оям ман пеши шумо.
Пиразан бедор шуд он дам зи хоб,
Ҷору зад у хонаашро бо шитоб.
Пиразан бар суи бозор шуд равон,
Кард харид мағзу мавизу шаҳду нон.
Беҳтарин хурокиҳоро у бипухт,
Чашм ба роҳи омади меҳмон-ш духт.
Баъди чанде тақ тақи дарро шунид,
Пиразан бо шоди суи дар давид.
Пиразан рафт боз кард дар бо шитоб,
Дид марде аст гадо, кар