·
ТИЛФОН АҶАЛИ МАН!
Чун ҳамсари ман рӯзу шаб андар бағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,
Тилфон аҷали ман.
Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,
Гаштем ғуломаш.
Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман?
Тилфон аҷали ман.
Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,
Бисёр азоб аст.
Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,
Ҳӯшам ҳама бар он.
Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!
Тилфон аҷали ман.
Тилфони муосир шуда ҳам муш ва ҳам гӯш,
Ҷосусаки хомӯш,
Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,
Тилфон аҷали ман.
Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,
Корам ҳама гирдоб.
Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман,
Тилфон аҷали ман.