Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд,
Ман худ ин пайдо ҳамегӯям, ки пинҳон гуфтаанд.
Пеш аз ин гӯянд, к-аз ишкат парешон аст ҳол,
Гар бигуфтандӣ, ки маҷмӯам парешон гуфтаанд.
Парда бар айбам напӯшиданду доман бар гуноҳ,
Ҷурми дарвеше чӣ бошад, то ба султон гуфтаанд.
То чӣ мурғам, к-ам ҳикоят пеши анко кардаанд?
Ё чӣ мӯрам, к-ам сухан назди Сулаймон гуфтаанд?
Душманӣ карданд бо ман, лекин аз рӯи киёс,
Дӯстӣ бошад, ки дардам пеши дармон гуфтаанд.
Зикри савдои Зулайҳо пеши Юсуф кардаанд,
Холи саргардонии Одам ба Ризвон гуфтаанд.
Доғи пинҳонам намебинанду меҳри сарбамӯҳр,
Он чӣ бар аҷзои зоҳир дидаанд, он гуфтаанд.
В-ар нагуфтандӣ, чи ҳоҷат, к-оби чашму ранги рӯй
Моҷарои ишк аз аввал то ба поён