ҒӮРАМАСТ
(Хотима 7)
Ҳавлии падариашро харида таъмир кардани Султонбек ба ҳама маълум шуда буд. Ин аллакай муносибати бисёр касонро тағир дод. Падар писарашро новобаста ба истифода бурдани маводи мухаддир бообрӯ гӯр кард. Вақте ки мард тамоми хароҷоти мурдаро ба сари худ гирифт, ба собиқ занаш пул низ дод, ӯ ягон сухане нагуфт.
Баъди маъракаи чил ба мардум овоза шуд, ки Султонбек ҳавлии падариашро ба Салим додааст.
Зани собиқаш Салиму варо ба суд дод. Ҳавлӣ бояд ба ӯ дода шавад, на ба Салим.
Касони дар зали суд иштироккарда хабарҳо, суханҳои адвокату додситону судро ба мардум ба таври худ расониданд.
-Ин ҳавлие, ки шумо зиндагонӣ мекунед, бо пули Султонбек сохта шуда баъдан бо хоҳиши ӯ фурӯхта шудааст, ҳамин тавр?
-Бале! Ӯ зани қонуниашро бо писараш бе сарпаноҳ мононд.
-Дар ман маълумоте ҳаст, ки Султонбек шуморо бе сарпаноҳ намондааст. Ҳавлии падариашро ба шумоён додааст.
-Ҳавлии бетаъмирро?
-Ҳавлӣ бетаъмир бошад ҳам ӯ оилаашро бе сарпаноҳ намондааст. Аз рӯи маълумоти касони онро харида бармеояд, ки ҳавлӣ барои зистан мушкилоте надошт. Шумо чаро ин ҳавлии падарии Султонбекро фурӯхтед?
-Мӯҳтоҷи пул шудам. Қарздори калон шудам. Пули қарзро додам.
-Лутфан гуфта метавонед, ки чаро қарзи калон ба гардани шумо бор шуд.
-Ҳавлие, ки имрӯз дар он зиндагонӣ мекунам, Султонбек фурӯхт, ман бозпас харидам.
-Баъдан бо пули кӣ харида шудааст?
-Бо пули худам.
-Шумо, ки дар ягон ҷо кор намекардед, аз куҷо ин қадар пулро ёфтед?
-Қарз кардам.
-Пас шумо тасдиқ мекунед, ки Султонбек ҳавлие, ки имрӯз дар он зиндагонӣ мекунед, фурӯхта шумо ва писарашро ба ҳавлии падариаш кӯчонидааст.
-Бале.
-Ба як кас як ҳавлӣ ду бор мерос шуда наметавонад. Шумо як бор онро ҳамчун мерос гирифтеду фурӯхтед. Барои дуввумбора соҳиб шудан бояд онро бихаред. На ин ки боз чун мерос талаб кунед.
-Охир ӯ шавҳари ман аст.
-Дар вақти шавҳари шумо будан ин ҳавлиро Султонбек ба шумо додааст. Шумо ба ин ҳақ доштед. Лек дар навбати дуввум шумо ягон ҳуқуқ надоред. Аввалан, ӯ шавҳари шумо нест. Шавҳари собиқатон. Шахсан худи шумо ба суд муроҷиат карда қайди никоҳро бекор кардаед. Ягона меросхӯре, ки риштаи ин муносибатро мепайваст, аз дунё гузаштааст. Баъдан собиқ шавҳаратон ин ҳавлиро бозпас харидааст. Баъди аз қайди ақди никоҳ баромадан. Агар дар қайди ақди никоҳи ӯ мешудед, шумо ҳуқуқ доштед, вале дар айни ҳол ягон чиз талаб карда наметавонед. Ба кӣ додани ҳавлӣ ин хоҳиши соҳиби он аст.
-Аз рӯи маълумоте, ки дар пеши ман фаҳмида мешавад, ки шумо дар муддати бист соли охири бо Султонбек зистан дар ягон ҷо кор накардаед. Шумо ба ман ягон ҳуҷҷате пешниҳод накардед, ки аз куҷо ин миқдори зиёди пулро барои харидани ҳавлӣ ёфтед.
-Боз як чизи дигар: ҳавлие, ки шумо дар он ҷо зиндагонӣ мекунед, ҳангоми дар ақди никоҳи Султонбек будан харида шудааст. Агар ӯ ба суд ариза бинависад метавонад, ки ними он ҳавлиро соҳиб шавад.
-Ман ягон хел ариза наменависам. Ягон чиз талаб надорам. - гуфт Султонбек.
Хулоса, суд рад кардааст, ки зани собиқи Султонбек ба ҳавлии падарии вай ҳақдор бошад.
Баъдан ягона коре, ки зан карда тавонист, танҳо дуои бад буд.
Султонбек сахт рӯҳафтода шуд. Пеш аз сафар ба дӯстонаш гуфт, ки дигар барнамегардад. Ҳавлии ноҳияро ба онҳо тӯҳфа гуфт. Ба нею нестони онон гӯш накарда баромада ба ҷои кори худ, ба макони дигар баргашт. Вале дар он ҷо ҳам хурсандӣ варо интизор набуд. Падари зани бандагӣ кардаашро бемор дарёфт. Хун ба сараш зада як тарафаш кор намекард. Ба беморхонаҳои худиву хориҷӣ бурд, аммо фоидае накард.
Аз мобайн хело вақт гузашт.
Дар ин бора дӯстон фаҳмиданд. Маслиҳат доданд, ки беморро гирифта ба ватан орад. Сафарбек розӣ нашуд.
Телефони навории гурӯҳӣ ташкил карданд. Сафарбек, Саидхӯҷа, дӯсташ, Салиму Зеборо низ қӯш карданд
Билохир варо ба гап ғалтониданд.
Сафарбек бо бемор маслиҳат карда қарор карданд, ки муваққатӣ ба ватани ӯ мераванд. Худ берун аз деҳаи худ зистанро ҳеҷ намехост, лекин баргаштан ҳам намехост, чаро ки варо воқеаҳои охир сахт ноумеду дилмонда карда буданд. Ӯ ба хубӣ медонист, ки пулро дар ватани худ ҳам ёфтан мумкин аст. Ӯ сардории тамоми корхонаро муваққатан ба як дӯсташ монда бо собиқ сардори бемор ба ноҳия омад. Дӯстонаш ҳавлии дуошёнаи варо барои худи ӯ нигоҳ дошта буданд. Пеш аз омаданаш тоза карда баъди омадан калидҳоро ба дасташ супориданд.
Боду ҳаво ба бемор басо хуш омад.
Ва рӯзе Султонбек ба пеши Зебо омада хоҳиш кард, ки ба бемор барои нигоҳубин кардан ёрӣ кунад. Албатта ҳаққашро медиҳад. Ба касони дигар бовар надорад.
Зебо розӣ шуд. Варо ҳар саҳар ронандаи Султонбек ба ноҳия мебурду бегоҳ ба хонааш меовард.
Пас аз як моҳ Сафархӯҷа Зеборо ба ҳавлиаш ба хабаргирӣ омад.
-Зебо, агар падару модар медоштӣ, ба пеши онҳо мерафтам. Лек афсӯс.. Барои ҳамин ба пеши худат омадам. Ман ба хостгорӣ омадам. Мехоҳам, ки ту ризогии худро барои зани Султонбек шудан бидиҳӣ… Танҳо ту ӯро аз ҳолати вазнини рӯҳӣ бароварда метавонӣ. Ӯ роҳгумзада шудааст. Ҳеҷ чиз варо шод намекунад.
Зебо розӣ шуд. Ва як шарт гузошт. Ҷои зист дар ҳавлии падарии вай бошад. Он холӣ истодааст. Султонбек ҳам шод шуд. Он шартро, зистан дар он ҳавлиро худаш орзу дошт. Гарчанде дар шаҳрҳои бойтарин: дар Қатар, дар Стамбул, дар Маскав хона барояш мерос монда бошад ҳам, вай дар деҳа буданро хуш дошт. Меҳри ватан аз ҳама чиз барояш боло буд.
Султонбек имрӯз аз ягон чиз камбудӣ надорад. Тамоми корхонаҳои берун аз ватан доштаашро фурӯхт. Дар қатори мардуми деҳ ҷой гирифт. Боз ҳамон обрӯи худро бозгардонд. Варо гулбазми туйҳо шод мегардонд. Ҷашни Наврӯз ба ваҷд меовард. Ба ободонии деҳа қатори мардум саҳми худро гузошт. Чиз ҳама вақт меояду меравад. Ба ин ғам намехӯрд, аммо кори занаш варо сахт аламзадаву ғамзада кард. Ҳарчанде, ки Султонбек ба тарбияи писараш кордор шудан мехост, зан ба мобайн даромада доимо густохона тарафи писарашро гирифта ҷангу ҷанҷолро мебардошт. Намемонд, ки боре падар писарро насиҳате кунад. Падарро дар пеши писар беқадр кард. Варо ба дараҷае эрка кард, ки оқибат ин сари варо хӯрд. Ягона меросхӯрашро аз даст дод. Ҷои сустии падар ҳамин писари белаёқат буд. Султонбек бо ин қадар дороияш метавонист якчанд зан бигираду нигоҳубин кунад, аммо баҳри писар ба ҳама ғурбатҳои ба сараш овардаи занаш тоқат карда бо ӯ зиста омад. Ӯ дар ин зиндагӣ аз писараш дигар чизро мехост. Агар мегуфтанд, ки ин меҳри модарӣ, гӯяндаҳо хатои маҳз мекарданд. Ин аз бехудӣ, аз мағрурӣ, аз беҳурматии зан нисбати шавҳараш буд. Аз ҳисоби ҳамин фарзанд солҳо шавҳарашро истифода бурд. Имрӯз дар пеши ҳама, бо ҳама дороӣ бо лаби хандон мегардад, лек дили маҳзуне, дили сахт дилшикаста дорад.
Мардуми деҳро дар бисёр шароитҳо дастгирӣ мекард. Вақте ки худро камбағал нишон дода ба деҳа омад, на ба мақсади омӯхтани мардуми деҳ буд. Ҳар зӯрро ҷои сустиаш вуҷуд дорад. Ҷои сустиашро Сафархӯҷа медонист. Бинобар ин дигар мақсад дошт. Намехост, ки ин зан боз бо воситаи писараш варо истифода барад. Варо ҳамчун камбағал ба деҳа фиристод, ки ӯ худ асли ҳолро дида ба худ биёяд.
Зебо ба ӯ хабари хуше расониду зиндагиро барояш аз нав зинда сохт.
-Ӯ ҳомиладор шудааст… Фарзанди дерӣ…
Баъдтар дар беморхона гуфтанд: Писар!
Султонбек шукри худо мегуфт, ки ӯ меросхӯр дораду писараш номбардори падар хоҳад шуд. Ӯ худро хушбахттарин инсони рӯи замин меҳисобид.
Вай боварӣ дошт, ки ин маротиба зани дигараш аз аҳли фаҳм асту аз пули вай мағрур нашуда фарзандашро ғӯрамаст намекунад…
(Хотима)
Баҳромбек
ИЛОВА
Хонандагони азиз! Имрӯз ин навиштаи ман ба охир расид. Умедворам, ки тавонистам ба дили касон шодие, меҳре, насиҳате, роҳе- ҳар кӣ ҳар чӣ соне ки қабул кунад, ҷо кардам. Метавонед барои ман ташаккур нагӯед, тугмаи Маъқулро пахш накунед, лек як ИЛТИМОСе дорам
Хоҳишмандам агар вақте, фурсате, шароите ёбед, як хоҳиши маро иҷро кунед. Дар зер расми яке аз устодони ман, дӯсти ман, шахси наздики ман шодравон устоди касби худ равоншинос Бахтиёр Сироҷиддинов духтури шинохта, ба зиёд беморон шифо бахшида аст, гузоштам. Устодро вабои аср Ковид аз мо рабуд. Хоҳишмандам:
Дар ҳаққи ӯ...
Ҳам ба ҳаққи устодони худ...
Ва ҳам ба ҳаққи гузаштагони худ...
ДУОе бигӯед.
Дар хонаи худ, бо овози паст, зери лаб, дар таҳи дил як суханро гуед:
Худо бузург аст.
Худо устодро раҳмат кунад!
Худо устодонро раҳмат кунад!
Худо гузаштагонро раҳмат кунад!
Омин!
Пешакӣ миннатдорам!
Сӯҳбати устоди худро сахт ёд кардаам. Мехоҳам ҳамроҳи шумо ба ҳаққаш дуо фиристам. Устод кирдори нек доштанд.
КИРДОРИ НЕК ФАРОМӮШНАШАВАНДА
Бо эҳтиром Баҳромбек