Як рӯз меравам, Бе доду вою ҳасрату армони зиндагӣ. Бе ҳарфи нолае, Бе навҳаҳои модару бе сӯзи холае. Як рӯз меравам, Бе хотири пареш, Бе ҳоли зормондаву Бе қалби реш-реш. Як рӯз меравам, Бе дарди зиндагӣ. Бе лобаҳову тавбаву бе гарди зиндагӣ. Як рӯз меравам, Ай дӯст,нашнавӣ, дигар садои ман. Дигар ғаме намехӯрӣ, ҳаргиз барои ман. Ман меравам,ба сӯйи Ҳақ, аз олами фано, то олами бақо, бо қомати расо. Бо чашми сер аз ҳама дунёи бебақо. Бо дасти холиву дили пурмеҳр,мутлақо. Ман меравам,шумо,ай ҳокимони пир, Бошед,ҳамчу тир. Бо фикри як шикам, дар ҳифзи бешу кам. Бо дидаи ҳарис, бо қалби пур зи ғам. Монед,зиндагӣ кунед, аммо,ки оқибат, Як рӯз меравед, аз мансабу ҳаёт, пурсӯз меравед. Нимсеру гу