*****Субҳи нават хуш!*****
Эй дидаи муштоқи саҳар, субҳи нават хуш!
Эй қалби пур аз шӯру шарар, субҳи нават хуш!
Эй ошиқи дилдода шаби ҳузн басар шуд,
Эй маъшуқи бо нозу назар, субҳи нават хуш!
Эй кӯҳ, ки бо туст сараввал нигаҳи шед,
Эй домани хуршедбасар, субҳи нават хуш!
Эй чашмаи пурҷӯш, бурун шав зи дили санг,
Эй манзари оинасувар, субҳи нават хуш!
Бо сози насими саҳарӣ ҷӯр шав, эй рӯд,
Бо манзумаи ширу шакар, субҳи нават хуш!
Эй боғ, зи нав сӯи фазо атр бияфшон,
Эй ғунча, зи тан ҷома бидар, субҳи нават хуш!
Эй булбули шайдои чаманзор, ба ваҷд о,
Эй тозагулу майсаи тар, субҳи нават хуш!
Эй меҳани хушманзару эй хоки гуҳархез,
Эй ҳамватани тоҷбасар, субҳи нават хуш!
Ин дам, ки гуво