МОҶАРОИ ОИЛАВИ. Чанд муддат пеш дар як минтака мочарои оилавие шуда гузашта буд.Тафсили он мочароро инчо ба такрор оварда , мехохем фикри хонандагонро оиди он бифахмем. Оилаи ду навҷавоне дар арафаи ҷудошавй карор дорад. Сабабаш инки зан аз шавҳараш барои иштирок кардан дар туи арусии духтари апааш иҷозати рафтан мепурсад.Шавҳар занро иҷозати рафтан медиҳад ба шарте, ки зан фақат ба он хона ба туй равад, на ба ягон ҷои дигар. Боз инки рафта дар қисми занҳо бошад, на дар байни мардҳо. Шавҳар худаш низ рузи дигар пеш аз пешин ба он хона ба туй меравад. Вақте ки ба он хона мерасад мебинад, ки як қисм мардум ба рақсу сурудхонй машгуланд. Онҷо зани худро мебинад, ки байни як қисм мардум бо марди ношиносе рақс дорад. Мард худро таҳқиршуда ҳисобида, аз шиддати қаҳру газаб байни мардуми рақскунанда даромада, аз муи зани худ кашида додзанон мегуяд- Шарманда ! ! ! Ва ба руяш як силлии обдоре мезанад. Зан гирякунон ба суи наздиконаш медавад. Наздикони зан мардро дашномкунон латукуб менамоянд.Ҳозирин бошанд онҳоро аз якдигар ҷудо менамоянд. Акнун зани ҷавон дар хонаи падару модараш аст. У оиди шавҳараш мегуяд- Шавҳари ман як марди ҷоҳил, мутаассиб, беандеша ва бераҳм будааст. Маро дар байни мардум шарманда кард. Охир ман гуноҳе накардаам, фақат дар хонаи апаам дар хурсандии у иштирок кардам ва каме рақсидам. Шавҳарам бошад бадгумону бадрашк ва золим будааст. Бо у дигар намехоҳам зиндагй намоям. Шавҳар бошад оиди ин воқеъа ва занаш мегуяд- Ман то ин дараҷа аблаҳу бешарм будани занамро нав фаҳмидам. Ман уро иҷозат додам, ки дар хурсандии апааш иштирок намояд, аммо дар қисми занҳо. Ман уро барои байни мардҳо рақсидан иҷозат надода будам. Наход зани тоҷики мусулмон ҳамин хел масъалаҳои оддиро нафаҳмад. Имруз , ки зани шавҳардор ( инчунин бешавҳар) бо марди бегона рақсид, фардо вохурй мекунад, пасфардояш зино огоз мешавад. Ана баъд шикоят мекунем, ки чаро оилаҳо тез вайрон ва ч,удо мешаванд ! Ба ман ин хел зане, ки номуси худро нигоҳ надорад ва обруи шавҳарро бирезад, лозим нест ! Дар ин ҳол наздикон ва уламои ислом кушиш доранд байни онҳо мусолиҳа намоянд . -Акнун хонандагони гиромй, шумо оиди ин воқеъа чи мегуед ? -Инҷо айби кист ва чи бояд кард, то кор ба чудоихо наанч,омад, чунин х,одисах,о дигар руй надих,анд ва оилах,о солим бимонанд ?
    3 комментария
    1 класс
    Зан тоқи нест ки ба сари ҳар мард мони Вақте инсон дар ҷодаи ҳаёт қадам мегузорад, фикр мекунад, ки ҳамеша роҳи ҳамворро тай менамояд, вале дар асл зиндагӣ пастию баландиҳои бисёре дорад. Одам бояд ин шебу фарозҳои роҳи қисматро сабурона пушти сар намояд. Зиндагии ман низ пур аз ғаму ғурбат ва моҷарою ҷангу ҷидол буд. Аҳли оилаи хусурам дар рӯям мегуфтанд, ки модарат аз ту безор буд, барои ҳамин туро тез ба шавҳар дод, то ки ҷонаш халос шавад. Гӯшамро ба карӣ зада, чунон вонамуд мекардам, ки гӯё суханҳои талх ва кинояву дашномҳояшонро намешунавам. Баъзан мехостам аз баҳри ҳамааш гузашта, баромада равам, вале боз фикри фарзандонам, фикри обрӯи волидонамро карда, астағфуриллоҳ мегуфтам. Ниҳоят душвор бошад ҳам, сабр намуда, тамоми мушкилиҳои ҳаётро оҳиста-оҳиста пушти сар намудам. Рафта- рафта хушдоманам ба ман унс гирифт ва маро дар назди дӯсту душман таъриф мекардагӣ шуд. Агар ҳамон вақтҳо ман танҳо фикри худамро карда, баромада мерафтам, кӣ медонад, ки ҳоли бачаҳоям чӣ мешуд?! Фарзанди ҳар кас барои худаш азиз аст, ҳеҷ гоҳ паиндар падару моиндар модар намешавад. Барои ҳамин мо, занон бояд тақдири фарзандонамонро андеша карда, дар зиндагӣ сабуриро пеша намоем. Зан тоқӣ нест, ки агар ба сари як мард рост наомад, бемалол гирифта ба сари марди дигар гузорӣ. Зиндагӣ савдои умр аст, ба шавҳар, ки баромадӣ, хоҳ қанд хӯрда бошӣ, хоҳ фанд бояд ба ҳамааш тоқат кунӣ. Агар зан сабур бошад, оҳиста-оҳиста ҳамааш мегузарад ва албатта ба рӯзҳои хушу пурсаодат мерасад! Амринисо, н. Ҷиргатол.
    10 комментариев
    44 класса
    Пайроҳаи тақдир 🥀🕊️
    3 комментария
    147 классов
    Ишқи ду ҷавон (Дунёи бегонагон) Қисми 43. Мард аз пеш, саг аз думболам буд. Бо равшании чароғаш хеле роҳ паймуда ба кулбае расидем. Дуртар аз кулба як асп ва боз дуртар ароба ба чашм расид. "Боз ба кадом замон расидам" гуфтам дар дил. Вале чароғи равшан ва телевизори ҳамвори кулбаро дида дилам ором гирифт. Мард аввал чой пешниҳод кард, сипас таклиф кард, ки дар курсӣ шинам. Дар девор шохи калони гавазн овехта шуда буд. Тахмин кардам мард ҷангалбон аст. - Канӣ, нақл кун, - гуфт мард, - Чӣ ҳодиса рӯй дод? - Хостам роҳро кӯтоҳ кунам, - гуфтам, - аммо баръакс... Ба автобус дер кардам, ба ноҳия рафтанӣ будам... - Кай ба роҳ баромадӣ? То Грачёвка дур будани "роҳро” ба инобат гирифта: - Дина саҳар, - гуфтам. - Хеле роҳ гаштӣ, - гуфт мард ва дар болои миз чанд кулчақанд гузошт, - беҳтараш автобусро мунтазир мешудӣ. Ҳоло ҳаракати автобусҳо ба вақти зимистона нагузаштааст, - гуфта аз киса телефони тугмагиашро гирифт, - имрӯз бисту дуюм, ҳоло ҳашт рӯзи дигар ҳаст. - Мумкин аз телефонатон занг занам, - пурсидам ман, - ҳамсарамро огоҳ кунам, телефони худам гум шуд. Мард телефонашро ба дастам дод: - Алоқа суст, дар берун кор карданаш мумкин, ба болои ароба баро. Телефонро гирифта ба берун баромадам, ки саг ғуррос зад. Аз фурсат истифода бурда ба санаи телефон нигаристам: 22.11.22. Соат 22:11. Хурсандии маро ҳадду канор набуд, охир ман дар замони худам қарор дорам, каме дуртар деҳа, боз каме дуртар "Дом Павла".... Ва ана Ойгул, ана Зоя Павловна. Имшаб хоб намеравам, бо саг дӯст мешавам... Ҷангалро бонӣ мекунам... - Ҳаст алоқа? - гуфта ҷангалбон баромад. - Рақамаш дар хотирам нест, - гуфта телефонро баргардонилам. Мардро сахт ба оғӯш гирифтам. Мард дар ҳайрат шуд. - Шумо маро аз марг наҷот додед, - гуфтам, - намедонам некиатонро чӣ тавр баргардонам? Гумон кардам тамом, умрам ба охир расид... - Ин қадар воҳима кардӣ? Саг туро намехӯрд. - Саг не, гургу шағол мехӯрд. - Канӣ ҳамон гургу шағол? Соли гузашта як харгӯшро бо азоб ёфтам, тирам ба нишон нарасид, ҳамон ҳам гурехт. Ба фикрам дар ин беша аз ману сагу аспам дигар касе нест. Даро ба хона. Мехостам бо мард сӯҳбати доманадор дошта бошам, ҳамаи саргузаштҳоямро нақл кунам. Аммо худдорӣ кардам, аз ду сар бовар намекунад ва маро ақлбохта гумон мекунад. Ойгул чӣ? - Ин қадар вақт дар куҷо будед? - гуфта гиря мекунад, - Ман шуморо гумон кардам, ки тӯъмаи гургу паланг шудед. - Гургу паланг? Гургу паланг тӯъмаи ман мешаванд. Пазмон шудед? - Хеле... Ҷангалбон бароям дар як кунҷи кулбааш ҷо дод. - Ташаккур - гуфтам, - Ман хобиданӣ нестам. Маро бо сагатон Елисей ошно кунед, сагро дӯст медорам... агар нагазад. - Елисей агар газанда мебуд, туро дар ҷангал пора мекард, ҳатто ман огоҳ намешудам, - гуфта ҷангалбон аз яхдонаш каме гӯшту устухон гирифт. - То ин ҷо барқро чӣ гуна овардед? - Бо симчӯб. Коргоҳ як қадам. - Чӣ хел коргоҳ? - Коркарди чӯбу тахта. Надидӣ? - Надидам. - Вай танҳо рӯзона кор мекунад. Ман ҳам посбони коргоҳ ва ҳам ҷангалбон. Субҳ автобус кормандонашро меорад, бегоҳ гашта мебарад. Пагоҳ метавонам туро бо автобуси коргоҳ гуселонам, вале автобус то Грачевка намеравад. - Корманди бисёр дорад? - Ягон даҳ-дувоздаҳ нафар будагист. Ман нашуморидам. Кор кардан мехоҳӣ? - Агар қабул кунанд. - Қабул мекунанд, бо Витя маслиҳат мекунам. Калидашро дорам, мехоҳӣ тамошо кардан? - Мехоҳам. - Рафтем, аздусар хоб надорам. Ҳарду берун баромадем. Саг ҳам ба мо ҳамроҳ шуд. - Устухонро надодем-ку, - гуфтам ман. - Пас аз баргаштан. То коргоҳ ягон дусад метр масофа буд. Мо аз дари иловагии дар паси коргоҳбуда вориди он шудем. Аммо саг аз зери девор гузашт. - Роҳашро медонад, - гуфт ҷангалбон, - тез-тез омада хабар мегирад, маоши посбонро ба саг доданам лозим. - Бо гӯшт таъмин мекунед-ку, - гуфтам, - ҳамту не Елисей? Аммо саг ба суханони ман аҳамият надода, дар канори соҳибаш мегашт. Мо аз дарвозаи асосии цех, ки дар худ боз дари хурд барои одамон буд, даромадем. Ҳамагӣ дар як қатор дастгоҳҳо гузошта шуда буданд. Ҷангалбон ба шарҳи дастгоҳҳо гузашт. - Дастгоҳи аввал пӯсти дарахтро мегирад, - гуфт ӯ, - дуввумаш ба тахта ҷудо мекунад, севумаш ранда мекунад. - Тахтаро ранда ҳам мекунанд? - Алҳол барои сохтмони маъбад супориш гирифтаанд, Витя ҳамин тавр гуфт. - Витя кист? - Витя директор. Аз ин коргоҳ партов намебарояд, Ана дар дастгоҳи охирин тахтаҳоро майда карда, хишт месозанд, "авроҳезум" ном дорад. - Аз "авроҳезум" хариданам мумкин? - Албатта. Хонаро бо чӣ гарм мекунӣ? - Бо ҳезуму ангишт. - Ту ба ман муроҷиат кун, Витя ба ман арзонтар медиҳад. - Коргоҳро кӣ мерӯбад? - Худи кормандон. - Чунон тоза, ки хонаи истиқоматӣ барин. - Дар ин масъала Витя сахт талаб мекунад. Дарҳоро маҳкам карда, боз ба кулба баргаштем. - Мумкин устухонро ман ба саг диҳам? - Аз дасти ту намехӯрад., - гуфта ҷангалбон аз хона устухонро баровард, - канӣ, як имтиҳон кун-чӣ? Устухонро гирифта ба саг додам, як бӯй кашиду ба соҳибаш нигарист. - Дидӣ, - гуфт ҷангалбон, - ишораи маро интизор. Хӯр, - гуфт ба саг. Саг устухонро гирифту каме дуртар рафта нишаст. Луқмаашро миёни ду дасташ гирифта хӯрд. - Боз доред устухон? Ин дафъа бе иҷозати шумо ҳам аз дасти ман мехӯрад. Ҷангалбон боз як бурда устухон баровард. Ин дафъа худи саг аз дастам устухонро оҳиста гирифта ба сӯи беша рафт. - Устухонро куҷо бурд? - пурсидам ман. - Бурда дар ягон ҷо мегӯронад, ҳамчун захира. Аммо гург захираро намедонад, сайдашро то ба охир мехӯрад. Ту намехобӣ? - Не, шумо бемалол истироҳат кунед. Ҷангалбон ба хона даромаду овозаш баромад: - Соат чор мешавад, ман ҳам хоб надорам. - Хоб надошта бошед, рафтем, - гуфта ба хона даромадам. - Ба куҷо? - Ба Грачёвка. - Ақлатро хӯрдӣ? Ман соати ҳафт коргоҳро ба Витя месупорам. Ба ноҳия рафтанам даркор, ба Кондор ем меорам. - Кондор кӣ? - Кондор-аспи вафодорам. - Аспи вафодор зимистон дар куҷо мехобад? - Дар анбори Витя, соли гузашта ҳам дар ҳамон ҷо буд. - Оё дуруст аст, ки асп рост истода мехобад? - Не, рост истода истироҳат карданаш мумкин. Аспҳо ҳам ману ту барин мехобанд, аммо якпаҳлӯ. Онҳо аз се ё чор соат беш хобида наметавонанд, ҳатто хуррак мекашанд, - гуфта ҷангалбон хандид. - Мумкин аст бо Кондор шинос шавам? - Рафтем, - гуфт ҷангалбон, - аз ту рамиданаш мумкин. Аспи сурх дар назар ниҳоят бузург метофт, ман аспро бори аввал аз наздик медидам. Сумаш баробари чойники дар хобгоҳ доштаамон, пояшро мебардошту ба ҷангалбон дароз мекард. - Дидӣ, салом додан мехоҳад. Сари калонашро навозиш кардам, лаҳзае чашмонашро хуморӣ карда истод. - Кондор, Кондор, аз ман наҳарос, маро Грачевка мебарӣ, - гуфтам, - қоидаҳои ҳаракати роҳро медонӣ? - Медонад, - ба ҷои асп ҷавоб дод соҳибаш, - аксар вақт ба ихтиёраш мемонам, маро рост то ба хона мебарад. Мехобам дар ароба. Як рӯз ҳамин тавр шуд, бедор мешавам, ки дар назди дарвозаи ҳавлӣ истодаам. Инҳо танҳо забон надоранду халос, ақлашон аз баъзе одамҳо хубтар кор мекунад. Аспро хеле навозиш кардам, дур шудан мехостам, гарданашро ёзонда гӯшамро сабук даҳон мекард. - Боз навозиш кун мегӯяд, - гуфт ҷангалбон. Аммо субҳ медамид, субҳи умед, субҳе, ки дер интизораш будам. Субҳе, ки ғайричашмдошт чизе нашуд, кам монд ба дидори Ойгул, вақти кору масъулият мерасад. Вақти гуфтугӯ бо волидон ва ҳамсарам Нилуфар мерасад. Боз зиёд будани корамро сабаб оварда волидонамро тасаллӣ медиҳам, Нилуфарро ором мекунам... Таъмири хонаи Зоя Павловнаро идома медиҳам, то даме, ки соҳибхона зинда аст, софдилона хизматашро ба ҷо меорам. Аз пулу мол андеша намекунам, муддати чанд вақт чизе надоштам, аммо рӯзам гузашт, аз гуруснагӣ намурдам. Ҳар чӣ дорам, шукр мекунам, зиёд талаб намекунам... - Наҳорӣ мекунем, - гуфт ҷангалбон, - Ман коргоҳро ба Витя месупораму бармегардам. Дастонамро шуста наҳории хоксорона омода кардам. Чой, кулча ва шакар дошт ҷангалбон. Бо вуҷуди солхӯрда буданаш, ҷангалбон хеле пурқувват буд. Аробаро дар асп мустаҳкам баст. Аробаеро, ки ман то чанд қадам натавонистам кашола карда, як такон доду сӯи асп кашид. Ароба барои идора кардани асп махсус нишастгоҳ дошт, дар ҷои ронанда ду нафар бе мушкилӣ ҷо мегирифт. Дар паҳлӯи ҷангалбон баҳузур нишастам. Асп мунтазири фармони соҳибаш буд, баробари кашола кардани банд, ба ҳаракат омад. Ману ҷангалбон ва аробаро бе ягон мушкилӣ кашола карда мебурд. - Асп дар ҳақиқат пурқувват, - гуфтам аспро баҳо дода, - ин қадар борро мекашад. - Беҳуда қувваи мошинро бо қувваи асп чен намекунанд, - гуфт ҷангалбон, - як мошин доштам "Запорожец", сӣ қувваи асп буд, солҳои аввал хуб кор мекард, ягона камбудиаш - багаж дар пеш буд. Наметавонистам бори бисёрро ҷо дода. Бо мурури вақт нуқс пайдо мекард, камтар мегаштам, дар ҷояш меистод. То сард шудани муҳаррик мунтазир менишастам. Радиатор надошт, овозаш баланд буд, ба кор меандохтам, ҳамсояҳо бедор мешуданд. - Аз ман яксаду чилу панҷ қувваи асп дорад, - гуфтам, - шукр нағз мегардад. Аммо имрӯз мебинам, ки худи асп беҳтар аст. На садои муҳаррик, на ҳарҷи сӯзишворӣ, на ҳуҷҷатомодакуниҳо. - Не, мошин албатта беҳтар, асп ҳам ба худ муносиб хароҷотҳо дорад. Мошинро худат идора мекунӣ, бо кадом суръат мехоҳӣ-меронӣ, дар куҷо хоҳӣ-мегузорӣ. Бо аспу ароба наметавонӣ дар шаҳр гашта, қароргоҳ барои онҳо нест. Суръати ҳаракати аспу ароба суст. Бо мошин то хона дар ним соат мерасам, бо асп дар се соат ё бештар. Аспу ароба ҷои бисёрро ишғол мекунад. Бо мошин кафонокӣ рафта метавонӣ... Хулоса мошин беҳтар, дар умум шояд хароҷоти ҳарду як бошад. Мошинро наронӣ-сӯзишворӣ талаб намекунад, асп бошад, ҳар рӯз се-чор маротиба хӯрок мехӯрад. Ҷони зинда аст, бемор мешавад, мемирад... Бечора... - ҷангалбон як оҳи чуқур кашид, - то ин ҷонвар як аспи дигар доштам, хеле хизмат кард. Вафодор буд бечора, пурқуввату чолок, мепарид агар пару бол медошт. Як субҳ мехезам, дароз кашида мурдааст.... Дар марги падарам ин қадар нагириста будам... Зимистон буд, заминҳо ях баста, қариб як ҳафта барояш гӯр кофтам... Федя гуфт, ки трактор оварда чуқурӣ мекобад, розӣ нашудам. Одам барин гӯронидам ва чил рӯз дар азо будам. Кондорро Федя тӯҳфа кард, чархҳои аробаро нав кард... То ба ҳол шахсеро вонахӯрда будам, ки дар марги як ҳайвон ин қадар ба риққат омада бошад, ба назар чунин мерасид, ки ҷангалбон то имрӯз ба аспи собиқаш месӯзад. Бинобар, мавзӯъи гуфтугӯямонро дигар кардан хостам. - Дар деҳа, дар оилаатон чанд нафаред? - Ман дар саҳро, кампир бо набера танҳо. - Волидони набера дар куҷо? - Дар Маскав, моҳе як маротиба хабаргирӣ меоянд. Мехоҳӣ, ман туро бо кампир шинос кунам? Буз дорем, аз шираш менӯшӣ. - Ташаккур, дафъаи дигар. Шумо рақами телефонатонро медодед, занг мезадам бо масъалаи "авроҳезум". Мард аспашро канори роҳ гардонида қарор дод. Аз киса қаламу коғаз бароварда рақами телефонашро навишт. - Агар хато накарда бошам-ҳамин, - гуфт ӯ. Боз хеле роҳ паси сар шуд ва роҳи мумфарш баромад. - Ин тарафаш наздик, - гуфт ҷангалбон, - медонистагистӣ? - Не, намедонам. Ман набудам дар ин ҷоҳо. Кӯча бароям бегона буд. - Ҳозир ба роҳи калон мебароем, ту ба дасти чап мегардӣ, ман ба рост. Ягон ду километр меравӣ, аз рост деҳаи Грачевка мебарояд. Таҳаммул надоштам, мехостам аз ароба худро ҳаво диҳаму ба сӯи деҳа тозам. Асп шитоб надошт ё монда шуд, қадамашро мешумурд. То кӯча ҳам расидем, дасти мардро сахт фишурда ваъда додам, ки албатта аз ӯ хабар мегирам. Аз ароба фаромада каме гаштам, ки истгоҳ намудор шуд. Ин ҳамон истгоҳе, ки то харидани мошин аз он истифода мекардам. Ниҳоят ба кӯчае, ки "Дом Павла" қарор дошт, гашта, то қувва доштам, давидам. Аллакай бинои чорошёнае, ки Зоя Павловна ва Ойгулро сарпаноҳ аст, намудор гашт. Худро аз дарвоза не, аз паси бино, ки мошинам қарор дошт, ба ҳавлӣ гирифтам, то маро набинанд. Аз давиданҳову ҳаяҷон нафасам базӯр мебаромад. Дар паси хона дақиқае дам гирифтам. Дидам, ки дар назди партовгоҳ ҷавоне аробаро дошта меистад. "Ин кӣ бошад? Корманди нав? Кадом партовро баровард? Ё Алинур омада бошад? Дар ҳақиқат бо Ойгул муросо кардааст... "Ҷавон бе ҳаракат меистод, гӯё хоб буд. Оҳиставу бесадо наздаш рафтам. Ҷавон сурати маро дошт. - Ту кистӣ? - пурсидам аз ӯ. - Ман ту ҳастам, - гуфт ҷавон аз забони ман. - Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? - боз пурсидам аз ӯ. - Дар андеша ҳастам. Ба хона баргардам ё ба беша равам? То кӯча роҳ дур нест, бешаро миёнабур карда дар ним соат баргаштанам мумкин... - Не, дар назарат чунин метобад, ин бешаҳо канор надоранд, беҳтараш ба хона баргард. - Чор салиб дорам, аз тиллои холис. Бурда мегӯронам, ҳангоми зарурат бурда мефурӯшам. - Салиб аз ту нест, соҳиби салиб дар тобут мехобад. Сониян, салиб аз имони мо нест, ба эътиқоди дигарон дахолат накун. - Чашмонатро пӯш ва пас аз ҳафт сония дунёро чӣ тавре, ки ҳаст, қабул кун. Чашмамро пӯшидам, аз куҷое садои ҳуд-ҳуд омад. Ҳафт маротиба паи ҳам хонд. Чашмамро кушодам, ки ҷавон нест. Ба гирду атроф нигаристам, ҳама оромӣ. Аробаро гирифта ба назди бино омадам. Бино чӣ тавре буд, дигар тағйир наёфтааст, ҳамагӣ нӯҳ тиреза иваз шуда буд, ҳатто чойники мисӣ, ки субҳ рӯямро бо оби ширгармкардаи Ойгул шуста будам, дар ҷояш буд. Як чакра борон дар сарам зад. Ба осмон нигаристам, абрҳои сиёҳ парешон гашта, осмони кабуд падидор мешуд. Бо зинаҳо боло шудам. - Ойгул? - Лаббай? - аз ҳуҷраи Зоя Павловна садояш баромад. - Шумо дар ҳамин ҷо? Ойгул сарашро аз дар баровард: - Зоя Павловна ҳам ба шаҳр рафтанӣ, кӣ будани набераашро донистан мехоҳад. - гуфт ӯ. - Як дақиқа шуморо мумкин? Ойгул дарро пӯшида барун баромад. Ӯро сахт ба оғӯш гирифтам. - Шуморо хеле пазмон шудам, - гуфтам. - Дар даҳ дақиқа? - Нав даҳ дақиқа шуд? - Шумо ҳам омода шавед, қабули духтур соати ёздаҳ, - гуфта Ойгул ба телефонаш нигарист. - Ман телефонамро гум кардам. - Ана, дар болои ҷойгаҳатон мехобад. Ба ҳуҷраи худам гузаштам, телефон дар ҷояш буд... (поёни қисса) муаллиф Ю. Ашуров Таҳияи М. Юсупов
    24 комментария
    15 классов
    0 комментариев
    16 классов
    Аз падар танҳо ситам дидам Падари ман дар гузашта баъди аз ду зан ҷудо шуданаш бо модари ман хонадор шудааст. Дар вақташ падарам коргари орган, одами баобрӯ буд. Аммо аз дасти аз ҳад зиёд нӯшидани арақ ҳаёташро сӯхт шаъну шарафи худро поймол карда, хонашин шуд. Ӯ хонашин шуду рӯзи аҳли оила сиёҳ шуд. Дар ҳавлии бобоям се оила зиндагӣ мекардем. Падарам ҳар рӯз маст омада, бо бародаронаш ҷангу ҷанҷол мебардошт. Модарамро лату кӯб мекард. Ҷони модарам ниҳоят аз дасти ин майхора ба лаб расиду ману бародарамро, ки ҳамон вақт яке шашсолаю дигаре чорсола будем, партофта ба Русия назди бародаронаш коркунӣ рафт. Мо кӯдакони бе модар дар зери мушту лагади падари бадмасту янгаю амакҳоямон ба хорию зорӣ ба воя мерасидем. Аз модарам дигар ягон хату хабар набуд. Дар ин хона ману бародарам фармонбардори хурду калон будем. Ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, молҳоро ба чаро мебурдему намози шом баргашта, гоҳе серу гоҳе гурусна хоб мерафтем. Нигоҳубини падари бадмаст ба дӯши мани хурдакак буд. Мабодо ягон рӯз либосҳояш нашуста монад, рӯзи ман сиёҳ мешуд. Падарам маро бераҳмона мезад. Мактаб намехондам. Ҳисобу китобро кам-кам аз даҳони бародарам ёд мегирифтам. Ягона пушту паноҳам дар хона бародарам буд. Аммо мутаассифона дар синфи панҷумиаш ӯро ба мактаб-интернати шаҳр бурда монданд. Акнун ман духтари падардори бепадар тамоман бесоҳиб мондам, дигар касе набуд, ки маро пуштибонӣ кунад. Аз зарбаи мушту лагади падари бадмаст ҷонам ба лаб расида буд. Моҳҳову солҳо сипарӣ мегаштанду ман ба як духтари зебою паричеҳра табдил ёфтам. Афсӯс мехӯрдам, ки бо ин ҳусни зебо савод надорам. Баъзан ба худ андеша мекардам, ки агар дар оилаи тинҷу осуда ба воя мерасидам, мактаб хонда соҳиби ягон касб мешудам. Як рӯз падарам аз ҳад зиёд нӯшида ба хона омаду ҳама шишаҳои дару тирезаҳои амакамро зада майда кард. Амакҳоям низ аз падарам безор шуда, аз байни ҳавлӣ девор бардошта, хонаи моро ҷудо карданд. Акнун нигоҳубини падарам пурра ба дӯши ман буд. Танҳо янгаи хурдиям гоҳ-гоҳ ба мо хӯрок меоварду аз ҳоли ман хабар мегирифт. На дугона доштаму на ягон хешу табор аз дари мо медаромад. Мисли кабки дар қафас будам. Як рӯз падарам дар хона набуду янгаам маро ба тӯй бурд. Дар ҳамон маърака ҷавоне маро таги чашм карда, талабгор шудааст. Чанд рӯз пас он ҷавон ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам рози нашуд. Чунки имконияти тӯй карданро надошт. Хостгорҳои он ҷавон, ки Шерзод ном доштааст, дари хонаамонро охурча карданд. Онҳо ваъда доданд, ки хароҷоти тӯйро пурра ба гардан мегиранд. Ниҳоят падарамро розӣ кунониданд. Шаби никоҳ аз танҳоиву бемодариям мегиристаму сахт парешонхотир будам. Фаромӯш кардам, ки дар болои сарам мулло истодасту розигии маро мепурсад. Овози ғазабноки падарам маро ба ҳуш овард. “Барои чӣ муллоҳоро ин қадар мунтазир мекунӣ” гӯён, падарам дар пеши меҳмонҳо ду-се мушт ба сарам зад. Он шаб баъди рафтани меҳмонҳо падарам маро чунон лату куб кард, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Шабро ба гиря рӯз кардам. Касе надоштам, ки ба ӯ рози дил бигӯям, танҳо янгаи хурдиям огоҳӣ дошту халос. Хулас, маро бо ду курпаю ду курта ба хонаи бахтам гусел карданд. Шукр мекардам, ки аз азобу машақати хонаи падар халос шудам, вале... Шаб ҳодисаи нохуше рӯй дод, ки азобҳои кашидаам дар пеши ин ҳодиса ҳеҷ буд. Домод бо дидани бадани сиёҳу кабуди ман якбора оташ гирифта, ба сарам дод зада гуфт: -Ту фоҳиша будаӣ, мо бехабар. Кадом буқа туро ба ин ҳол овард? Шерзод маро лату кӯб карда, номи ошиқамро мепурсид. Шарм медоштам, ки бигӯям ин кори падарам аст. Шерзод аз фиқ-фиқ гиристани ман асабӣ шуда, аз ҳеҷ кас маслиҳат напурсида, худи ҳамон шаб маро оварда, ба хонаи падарам партофт. Ҳама ҳайрон монданд, ки ин духтар тамоман аз хона берун намебаромад, ба ӯ чӣ шуда бошад. Воқеаро ба янгаам нақл кардам. -Падари майхораат ҳаёти духтарашро бо дасти худаш сӯхт,- мегуфт янгаам. Болои сухта намакоб гуфтагӣ барин, падари беномусам “маро шарманда кардӣ гӯён, шабона маро аз хонааш пеш кард. Янгаам маро дар хонааш ҷо дод. Аз шарми ҳамсояҳо дар ҳавлӣ гаштугузор намекардам. Як бегоҳ мошине назди хонаи падарам қарор гирифт ва хусуру хушдоманам аз мошин фаромада, назди падарам даромаданд. Онҳо то паси шаб аз падарам бахшиш пурсида, зораю тавалло карданд, ки мо келинамонро гирифта мебарем. Ӯ гуноҳ надоштааст, инҷо иштибоҳе шудааст. Онҳо аз саргузашти талхи ман дертар огаҳ шудаанд. Хулас, хусуру хушдоманам падарамро розӣ кунонида, дубора маро ба хонаи бахтам бурданд. Шавҳарам аз ман узр мепурсид. Аҳли хонавода бо ман чунон меҳрубон буданд, ки бори аввал медидам чӣ гуна будани меҳрубониро. Аз тӯям ду-се моҳ гузашту касе ба хабаргириам намеомад. Аз хусуру хушдоманам шарм дошта, аз бекасиям мегиристам. Хушдоманам тассалӣ дода мегуфт, ки “ту келин не, балки духтари мо ҳастӣ”. Тоқат накарда, рӯзе ба падарам занг задам. Падарам дар ҷавоб гуфт, ки ба хона зан овардаасту дигар сари ӯро гаранг накунам. Телефонро хомӯш карда, зор-зор гиристам. Хушбахтона рӯзе бародарам ҳамроҳи модарам бо тӯҳфаҳои зиёде ба суроғам омаданд. Модаре, ки 15 сол боз ӯро надида будам, ниҳоят аз дар даромаду сари маро ба осмон расонд. Азобҳои кашидаам дар як лаҳза аз пеши чашмонам дур шуданд. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Шукрона мекардам, ки дер бошад ҳам, Худованд чашми раҳмат ба сӯи ман боз кард ва маро ба чашидани шарбати бахт муяссар гардонид. С.Рабиева Бозгашр аз оила
    15 комментариев
    49 классов
    Шавҳарам фатта пушиданамро намебахшад.. Салом! Ман як наврарӯси семоҳа мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам. Аслан духтари шаҳрӣ ҳастам, вале як хеши дури падарам, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунад, маро ба писараш келин кард. Вақти хостгорӣ омаданашон падару модарам гуфтанд, ки аввал ҷавонон як бор ҳамдигарро дида, сӯҳбат кунанд, вале модари домод “ ман пеш аз ин се писарамро хонадор кардам. Ягонтоашон арӯсро қабл аз никоҳ надида буданд, вале шукри худо зиндагиашон хуб аст. Бачаҳоям аз хати кашидаам берун намебароянд ва духтареро, ки ман маъқул кардам, қабул мекунанд. Ҳоҷат ба вохӯри духтару бача нест” гӯён, гапи худашро гузаронд. Ҳамин тавр мо ҳамдигароро над фотиҳа шудем ва тарафи қудо ҷиҳози арӯсиамро оварданду тӯй сар шуд. Азбаск аксари духтарони шаҳрӣ дар рӯзи тӯйи арӯсиашон “фата” мепӯшанд, ман ҳам орзу ҳавас карда, бо пули қимат либоси арӯсӣ гирифтам ва ба кошонаи ҳусн рафтам, то к рӯю мӯямро оро диҳам. Домод аз вақти таъйиншуда пештар омадааст, падарам дам ба дам занг зада, тезтар омаданамонро талаб мекарданд, вале ороиши рӯю мӯйи ман ҳанӯз нотамом буд. Бехабар аз хислату хӯйи домод мисли дигар арӯсакон ман ҳам ноз карда “Бигзор интизор шавад” гуфта, телефонамро хомӯш кардам, вале... Ниҳоят машшотаҳо корашонро ба анҷом расониданд ва ман бо либоси сап-сафеди арӯсӣ амсоли ҳур зебо шуда ба хона омадам. Гумон доштам, ки бо дидани чунин ҳусну ҷамол шаҳбача ба ваҷд меояд, аммо хаёлам хом баромад. Домод маро дидан замон қошу қавоқ гиронд ва бо оринҷаш ба китфам зада гуфт: “Ҳоло ист, барои нописандиат рӯзатро сиёҳ мекунам!” Ҳуш аз сарам парид, ки наход дар рӯзи тӯй шаҳ ба арӯсаш чунин гапҳои сахт занад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаи домод ҳам бо қошу қавоқи овезон ба наз омада “додари ман бачаи намозхон аст, ба чӣ ту розигии моро напурсида фата пӯшид гӯён, хеле сарзанишам кард. Аламам омад гиряолуд “апаҷон, одам як бор тӯй мешава охир ҳар як духтар дар дилаш орзую ҳавас дорад...” гуфтам. Апаи домод ранҷида “эй очаи ман кофта-кофта як арӯси гапгардону катагинок ёфтааст” гуфту бо кароҳат аз наздам дур шуд. Ҳамин тавр мани арӯсак бо дили пурғам ба хонаи домод омадам. Хонаи шаҳ ба тӯйхона ҳеҷ монандӣ надошт, на садои мусиқӣ буд, на карнаю сурнай. Бо як дег ош меҳмононро гусел карданд ва бо ҳамин тӯй ба охир расид. Шаби дигар домодро ба наздам дароварданд. Ба ҷойи он ки ба арӯс меҳрубонӣ кунад, шаҳбача аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ бо гапҳои қабеҳаш диламро сиёҳ кард. Ба гуфти домод, гӯё фата пӯшидани ман обрӯйи ӯро дар байни бачаҳо ва мардони маҳаллаашон резондааст. “Бо ин кафани пӯшидааш маро дар назди ҷӯраҳоям шарманда кардӣ. Бачаҳо “арӯсат девонача будаст-ку” гуфта, маро масхара карданд” гуфта, дар шаби аввал домод маро ду-се шаппотӣ зада, таъкид кард, ки ҳаргиз ин корамро намебахшад. Ҳамин тавр ҳаёти оилавии ман аз рӯзи авв бо талхи сар шуд. Зиндагиямро се моҳ шу бошад ҳам, то ҳол шавҳарам фата пӯшиданамро намебахшад. Шабе нест, ки диламро сиёҳ накунад. Ҳайронам, ки чӣ ко кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, гӯшамро ба карӣ зада гардам ё аз баҳри чунин ҳаёти пур аз дарду ранҷ гузашта, ба хонаи падару модарам баргардам? Бознашр аз Оила
    106 комментариев
    37 классов
    Ишқи ду ҷавон Қисми 6. Як гурӯҳи калони кормандон дар болои хона истода хонаро меафтонанд, касеро миёни онҳо намешиносам. Аллакай ошёнаи охирини бино фурӯ меравад. - Шумо чӣ кор мекунед? Хонаро барқарор бояд кард, кӣ шуморо фармоиш дод, - гуфта дод задам. Аммо касе маро намешунавад. Ҳама андармони кори худ. Хиштҳои калону хурд дар барам омада меафтанд. - Истед! Чаро хонаро валангор кардед? Кӣ ҳастед шумо? Сардоратон кӣ? Ғалоғулаи онҳо чунон баланд, ки касе ба ман аҳамият намедиҳад. - Дар хона одам ҳаст, баровардед ба берун? Кампир канӣ? Зоя Павловна! Зоя! Зоя канӣ? Ойгулро надидед? Куҷо шуданд онҳо? - Ба шумо чӣ шуд? - нигарам ҳамсарам дар пасам истодааст. - Канӣ Зоя, мешиносӣ Зояро? Зоя Павловна! - бо тамоми овоз фарёд кардам, - куштед кампира, вай зери хишту хок монд. Ин дафъа ҳамсарам маро чунон сахт такон дод, ки ба болои хиштҳо афтидам. - Ба шумо чӣ шуд? Натарсонед одама, - чашм кушодам, ки дар сарам Ойгул меистад. - Зоя канӣ? Зоя Павловна канӣ? - Дар ҳуҷрааш... Хезед... Хонаро ба сар бардоштед... Нигарам дар фарш мехобам, оҳиста худро дар ҷогаҳ гирифтам. Ойгул рафта оби сард овард: - Як ҷуръа нӯшед, кампирро хабар гиред, бечора тарсид. Ягон хоби бад дидед магар? Обро ба пуррагӣ нӯшида ҳамроҳи Ойгул ба ҳуҷраи кампир гузаштем. - Бубахшед, ки шуморо нороҳат кардам , - гуфта ғайриихтиёр кампирро ба оғӯш гирифтам. - Тарсидӣ? - пурсид кампир. - Хоб дидам, ки шумо... бемори сахт шудед. Зоя Павловна низ бо як дасташ маро ба оғӯш кашид. - Бибӣ дорӣ? - Не, ман умуман бибӣ надоштам. Ҳарду ҳам солҳои ҷанг фавтидаанд. - Маро ҳамчу бибиат қабул кун, минбаъд мо бегона нестем. - Худи пагоҳ ба шумо аробача мехарам ва шуморо ба саёҳати гирду атроф мебарам. - Аробача дорам, - гуфт кампир, - танҳо усули истифодаашро Оля нафаҳмид. Писарам ғун карда буд, занг зада пурсидам, фаҳмонд. Аммо ду зан сарфаҳм нарафтем. - Дар куҷост? - пурсидам аз Ойгул. - Дар анборхона, ҳозир биёрам? - Ман худам мебиёрам, шумо роҳашро нишон диҳед. Ойгул калидро гирифта ҳамроҳам баромад. Анбор дар худи бино, дар паҳлӯи ошхона ҷойгир шудааст, аммо ман то ҳол намедонистам. - Ин ҷоро ҳам ба тартиб оварданамон лозим, - гуфт ӯ ва аробачаро нишон дод. - Ин ҳоло нав-ку. - Як маротиба Зоя Павловна нишастааст. - Писараш кай бори охир омада буд? - То ман бо кампир як зани рус будааст. Зояро ман аз ӯ қабул кардам. Аввалҳо метавонист гирди диванаш гашта... - Шумо писарашро надидаед? - Не, наомадааст. Аробачаро гирифта дар ҳуҷраи кампир рост кардам, ҳеҷ мушкиле надошт. Ойгул латтаеро гирифта аз гард тоза кард. - Хӯш, кӣ таксиро даъват кард? - гуфтам ба Зоя. - Ман, - хандид ӯ. Аробачаро наздиктараш гузошта бо кӯмаки Ойгул Зояро дар аробача шинонидем. - Тасмаи бехатариро бандед, ҳозир мепарем, - гуфтам ҳазл карда. Аробачаро тела карда ба долон баровардам. Ду-се маротиба то охири долон рафта баргаштам. - Берун ҳанӯз торик, аробачаи шумо чароғ надорад, - гуфтам. - Барои имрӯз кифоя, ташаккур. Каме ҷон гирифтам, - гуфт Зоя Павловна. - Рӯзҳои наздик махсус барои аробаи шумо роҳ месозам, бо зинаҳо поён фаромада наметавонем. - Ихтиёрат. Минбаъд тамоми корҳои хоҷагиро ба зиммаи ту месупорам. Баргашта дар ҷогаҳ ёзидан маъно надошт, хеле рӯи ҷойгаҳ нишастам. Соат ҳанӯз чор, на хоб дорам ва на машғулияте. Чароғи ҳуҷраи кампир низ фурӯзон, онҳоро ҳам хоб намебарад. Рафта дарашонро ба нохун задам. - Даро, - гуфт Зоя Павловна, - хобат намебарад? - Шояд наҳорӣ кунем? - Мо ҳам дар ҳамин ақида будем, - гуфт Ойгул хандида. - Чӣ кор кунам? Метавонам дар омода кардани дастурхон кӯмак кунам. Ҳамроҳ ба берун баромадем. Имрӯз бори дуюм Ойгул аз чойники мисӣ ба дастам об мерезад. - Медонед-чӣ Ойгул, ман дигар нияти фурӯхтани чойники шуморо надорам. - Нав ақлатон даромад. - Баръакс, мехоҳам ҳарчӣ бештар хонаро аз ин гуна нодириҳо ғанӣ гардонам. Гап байни ҳардуямон монад. Аз зери зинаҳо як самовар ёфтам, намедонам чи тавр ба кампир гӯям. - Чӣ мушкилӣ доред? - Охир ман гуфтам таҳхона пурра озод шуд. - Имрӯз анборхонаро ба тартиб мебиёрам, мегӯем, ки ёфт шуд. - Фикри хуб. Ҳамроҳ ба тартиб меорем. Пас аз ношто бо ҳамроҳии Ойгул дари анборхонаро кушода, ҳар чӣ дошт, берун баровардем. Якчанд курсичаҳои пояҳояшон мунаққаш низ пайдо шуданд. Шумораашон баробари шумораи ҳайкалчаҳо. Ойгул ҳамаро аз чангу гард тоза карда, ба ҳуҷраи Зоя Павловна даровард. Ман дар болои ҳар яке як донагӣ ҳайкалчаҳоро гузоштам. Кампир ин амали моро дида хеле хурсанд мешуд. Фармуд, ки аробачаашро оварда худашро шинонем. Аз чархҳояш дошта, худ ин тараф-он тараф ҳаракат мекард, гӯё моро кӯмак мерасонд. Латтаеро гирифта, то метавонист, ҳайкалҳоро тоза мекард. - Минбаъд хонаро ҳам худам рӯбучин мекунам, - гуфта ману Ойгулро хандонд. Фурсатро муносиб дида, номаълум аз таҳхона самоварро овардам ва салибро дар дарунаш ниҳодам. Гӯё нав дарёфт карда бошам, аз анбор истода Ойгулро наздам хондам. - Вақташ расид, - гуфтам, - ҳамроҳ мебарем. Кампир дар дастам самоварро дида ҳайрон шуд. - Аз куҷо ёфтед? - Аз анбор, - гуфтам, - андарунаш чизе дорад, - ва аз даруни самовар салиби тиллоиро гирифтам. - Оҳо, аз тилло ку. Самовар аз шумо, аломати ҷамъ аз ман. - Вай салиб аст, ин ҷо деҳ, - Зоя Павловна дасташро ҷонибам дароз кард. - Ҳазл кардам, медонам, ки салиб аст. Мо мусалмон ҳастем, ин бошад, аз насрониҳо, - гуфта салибро дар дасти кампир додам. - Аниқ аз тилло, - гуфту салибро дар рӯ ба рӯяш нигоҳ дошт, сипас даст ба пешона ва ду китфаш бурда каме таъзим кард, - инро дар болои сарам мустаҳкам мекунӣ. Аввал тарсидам, ки кампир аз дидани ин миқдор тилло гурдакаф мешавад, аммо ӯ ором буд. Маълум, ки дар ҳақиқат сарватманд аст. Ман бошам, чӣ тавр рабудани чойники мисиро меандешидам. - Шумо боре аз самовар чой нӯшидед? - пурсид Зоя Павловна. - Не, - гуфтем ҳарду баробар. - Ангишт надорем? - пурсид аз Ойгул. - Надорем. - Ба ноҳия кай меравӣ? - кампир ба ман рӯ овард. - Намедонам рости гап, либоси тоза надорам. Либоси танамро дина ҳангоми кор ифлос кардам. - Барвақттар нагуфтед, мешустам, - гуфт Ойгул. - То хушкиданаш луч гардам? Кампир хандид. - Як маротиба аз танат бадар куну афшон, рафта як қабат либоси нав ва як кабат либоси корӣ хар. Ангиштро ҳам фаромӯш накун. Сипас ба Ойгул ишорат кард. Донистам, ки кампир маро пул доданӣ, назди дар рафтам, ки маро боздошт. - Куҷо меравӣ? - Дар долон истам... - Ту сазовори бовариам гаштӣ, дигар чизе аз ту пинҳон намекунам. Ҳатто метавонам ин дафъа туро ба бонк фиристам. - Бонк бе боварнома ба ман хизмати шуморо намерасонад. - Дар ин бора андеша накун, бонк кам ман барин мизоҷ дорад, гуфтугӯ мекунам. Пулро гирифта озими сафар будам, ки Ойгул омад. - Ман ҳамроҳатон. - Боз барои чӣ? - Зоя гуфт, ки либосро ман интихоб кунам. - Хеле хуб мешуд. Ойгул дар назди кампир чой дам карда гузошт ва ҳамроҳ ба кӯча баромадем. - Ман тамоми пуламро гирифтам, - гуфтам ба Ойгул, - ба ҳамсарам мефиристам. - Ба кадомаш? - Ман як ҳамсар дорам. - Гуфтед модараш дар филармония кор мекунад... - Ҳазл кардам. Ҳама занҳо гумон доранд, ки шавҳарашон боз зан ё маҳбубаи дигар доранд. - Аммо ман Алинурро бо чашми худам дидам. - Ҳар мард зани зеборо дида, ҳамсарашро фаромӯш мекунад. - Аз таҷриба мегӯед? - Не. - Ман зебоям? Ба симои Ойгул нигаристаму: - Тоқат кардан мумкин, - гуфтам. Аммо ин бор ӯ наранҷид. Баръакс чунон хандид, ки чанд паррандаи дар шохи дарахт буда парид. Ман ҳам ба хандаи ӯ ҳамроҳ шудам. Аммо дар асл, дар назарам Ойгул рӯз аз рӯз мешукуфт. Эътибор додам, ки каме лабонашро сурхӣ молидаст, ба мижгони кӯтоҳаш ҳам сиёҳӣ илова кардааст. - Ман, ростӣ, ба занҳо наметавонам баҳо дода, - гуфтам. - Чӣ тавр хонадор шудед? Ҳамсаратонро дӯст медоштед? - Ман бо ӯ шаби никоҳ шинос шудам, духтари муқаррарӣ, ду чашму як даҳон дошт. - Чанд-то гӯш дошт? - Дар хотир надорам, аммо як ҷуфт гӯшвора харида будам. Ойгул аз таҳти дил, беандоза хандид. Даҳонашро бо кафи дастонаш пӯшида, худро аз ханда нигоҳ дошта наметавонист. - Агар аз Алинур маро пурсед, шояд ӯ ҳам маро чунин васф кунад. - Аниқ ҳамин тавр мегӯяд. То истгоҳ расидем, ки телефони ман занг зад. - Хомӯш шудӣ рафтӣ, - гуфт овоз, - Ман интизори зангат ҳастам. - Медонӣ дар куҷои ноҳия ангишт мефурӯшанд? - Медонам, ангишти сангӣ сари роҳ. - Цемент-чӣ? - Ту чӣ кор карданӣ? - Роҳро ҳамвор мекунам. - Худат? - Агар ёрӣ доданӣ бошӣ - биё. Пандус медонӣ-чист? - Медонам, роҳ дар паҳлӯи зинаҳо барои маъюбон. - Э, офарин. Пандус сохтан лозим барои кампир. - Чанд пул медиҳӣ? - Ин қадар пула дӯст медорӣ? Аввал омада кора бин, нарху наворо гап зан, маслиҳат кунем. - Мешавад ҳозир равам? - Ҳозир ноҳия меравам, агар имконият дошта бошӣ, як-ду рафикатро даъват кун. Имрӯз қолаб месозед, пагоҳ бетон. - Тез биё. - Математикаро хуб медонед? - пурсидам аз Ойгул. - Математика чӣ лозим? - Баландии пойдевор як метру ҳафтод сантиметр. Чӣ қадар дарозӣ лозим аст, ки таҳти ҳафт дараҷа ба замин рафта расад? Ойгул лаҳзае ба андеша рафт, сипас абрӯвонашро чин карда пурсид: - Яку ҳафтод - катет, катети дуюм - икс, гипотенуза номаълум... Намедонам, аз хотирам фаромӯш шудааст. - Ба мо дарозии катети дуюм лозим. - Э, катет гӯеду гардед, - хандид Ойгул, - ба фикратон устоҳо ба катету гипотенуза сарфаҳм мераванд? - Як мардро мешинохтам, дар Маскав кӯча мерӯфт. Чӣ шуду чӣ монд ӯро дар идора ба кор гирифтанд, галстук мебастагӣ шуд. Боре дар кӯча дидам, аҳвол пурсидам, гуфт, ки дар идора ҳамчун муҳосиб фаъолият мекунад. Маълум шуд, ки пештар дар коллеҷ аз фанни ҳисоботи бухгалтерӣ дарс медодааст. Камбудиҳои мухосиби пешинро ошкор кардааст. (давом дорад) Муаллиф Ю.Ашуров таҳияи М.Юсупов
    1 комментарий
    20 классов
    5 чизро ғанимат дон..
    1 комментарий
    35 классов
    Ҳар раҳгузаре маҳрами асрор нагардад..
    1 комментарий
    45 классов
Фильтр
МОҶАРОИ ОИЛАВИ.

Чанд муддат пеш дар як минтака мочарои оилавие шуда гузашта буд.Тафсили он мочароро инчо ба такрор оварда , мехохем фикри хонандагонро оиди он бифахмем.

Оилаи ду навҷавоне дар арафаи ҷудошавй карор дорад. Сабабаш инки зан аз шавҳараш барои иштирок кардан дар туи арусии духтари апааш иҷозати рафтан мепурсад.Шавҳар занро иҷозати рафтан медиҳад ба шарте, ки зан фақат ба он хона ба туй равад, на ба ягон ҷои дигар. Боз инки рафта дар қисми занҳо бошад, на дар байни мардҳо.

Шавҳар худаш низ рузи дигар пеш аз пешин ба он хона ба туй меравад. Вақте ки ба он хона мерасад мебинад, ки як қисм мардум ба рақсу сурудхонй машгуланд. Онҷо зани худро мебинад, ки байни як қисм мардум бо мар
Показать ещё