Фильтр
Иллоҳо, раҳм кун бар кули инсон,
Бидеҳ тавфиқу инсоф, нури имон.
Умед дорем зи ту, эй кони раҳмат,
Зи раҳми хеш кун ҳар мушкил осон.
Некон ҳама рафтанд дар сини ҷавони,
Бадхоҳи касон зист як умри тулони.
Маънои чунин асрор ё Раб чи бошад?
Ҷуз ту надонад кас ин сири ниҳони.
Рафт зи мо аҳли ҳаё шарми мо зад бар замин,
Модаре дигар назояд тифли бо фарҳангу дин.
Беҳаё гаштанд занон, мардон бенангу ор,
Зан зи пушти кор гашту марди бе ор хонашин.
Дони ки чаро ғарибу бекор шудем?
Аз дафтару в-аз китоб безор шудем
Бегона зи илми мо бишуд соҳиби мо,
Мо бар дари бегона ҳама хор шудем.
Ошиқони дили шаб сачда меоранд ба чо
Бандаи шабзиндадоро дуст медорад Худо
Тарки хоби нози шаб кори саҳлу сода нест
Ин амалро ҷуз ошиқ, пас ки меорад ба чо
Баъди марги хеш мефаҳми, ки ғамхори ту кист,
Дар шаби торику сарди қабр ҳамроҳи ту кист.
Ҳар ки ояд то сари қабр баъди дафнат меравад,
Бекасу танҳо, ки шуди мебини ёри ту кист
Худоё дустат дорам, бароям беҳтар аз ҷони,
Туро ман шукр мегуям, зи неъматҳои тулони.
Ҳар ончи хостам доди, бароям ҳеҷ нагуфти на,
Бидеҳ тавфиқ умматро бурун каш аз парешони.
Давидем аз паси ин чархи гардун,
Накардем тоъати он, зоти бечун.
Зи мо ранҷиду рафт аз мо ҷавони,
Пушаймони надорад суде акнун.
Он Худованде, субҳро шом кард
Чоҳилонро соҳиби мақом кард.
Он касеро, ном лоиқаш набуд,
Фазл доду, соҳиби илҳом кард.
Показать ещё