Фильтр
Закреплено
  • Класс
🌿__🌹
Он қадар ғарқи неъматем, ки ҳамеша надоштаҳоямонро мешуморем, зеро доштаҳоямон бешуморанд.
🌿__ Гоҳе зиндагӣ кардан бештар аз худкушӣ кардан дилу ҷуръат мехоҳад..
🍃...🌹...🍃

Ҳеҷ вақт барои чизҳое, ки метавони худат ба даст биёварӣ, аз касе илтимос накун!
Муваффақият ин нест, ки ҳаргиз иштибоҳ накунем, балки яъне як иштибоҳро дубора такрор накунем.
Вақте мехоҳед муваффақияти худро арзёбӣ кунед, бубинед чӣ чизеро аз даст додаед, ки инро ба даст овардаед.
Аз доштани ақидаи мухолифи мардум бимнок набош, зеро ҳар ақидае, ки имрӯз мавриди қабул аст, замоне мухолифи ақидаи умум будааст.

🍃...🌹...🍃
🌿__🌹
ИНРО БА ХУД ШИОР КУНЕД!

— Имрӯз вақт намеёбем;
— Фардо қувва намемонад;
— Пасфардо шояд худи мо набошем...

• Ҳеҷ чизро ба фардо нагузоред.
• Аз ҳозир барои хушбахт зистанд кӯшиш кунед!
• Орзу кунед, дар назди худ максад гузоред ва барои расидан ба он бо ҷидду ҷаҳд меҳнат кунед..
🌿🌹Агар ҳама ба ҷои гап задан дар бораи муҳаббат, оғоз кунанд ба дӯст доштан,
ва ба ҷои ваъда, амал кунанд, ин замин худ ба биҳишт табдил меёбад. 🍃

Муҳаббат дар амал аст, на дар сухан.
Бо як табассум,
як гӯш кардан, як дастгирӣ ...
Ту низ метавонӣ ба сози зиндагӣ ҳамовоз шавӣ..
🌿__🌹Инсоне, ки ба шинохти хеш нарасида бошад, бесавод аст, ҳарчанд тамоми китобҳои ҷаҳонро хонда бошад.

Агар даруни ту пур аз хашм, нафрат, худхоҳӣ ва такаббур, нажодпарастӣ, ҳасодат ва дигар партовҳо бошад,
бидон, ки ҳаргиз чизе наомӯхтаӣ.
Бидон, ки то ҳол рушд накардаӣ.

Инсон дар бораи чизҳои зебо ҳарф мезанад,
аммо зиндагии зиштро мегузаронад.

Ин ҳамон чизест, ки то имрӯз башарият бар худ раво дидааст.
Содиқ будан яъне ҳамон тавр зиндагӣ кардан аст, ки мегӯем.
🍁✨Ҷойи шиква нест.
✨Одамон ҳамин гунаанд...
✨Хубанд, вале фаромӯшкор:
🎗Меоянд…
🍁Мемонанд…
🎗Мераванд...
🍁✨Беҳтарин роҳи зиндагӣ
Дар ҳамин ду калима ҷамъ шудааст:
🎗Маранҷ!
🎗Маранҷон!
🍃 5 рози муҳим барои расидан ба оромиш:

▪️Қазовати дигарон таъсире дар зиндагии ман надорад.

▪️Мардум вазифадор нестанд, ки маро дарк кунанд.

▪️Аз касе, ки ба ӯ лутфе мекунам, таваққӯъе надорам, вагарна, ин лутфро дар ҳақи ӯ накардаам.

▪️Касоне, ки рафтори ноҷавонмардона бо ман доштаанд, тавассути коинот муҷозот хоҳанд шуд, ҳарчанд, ки ман мутаваҷҷеҳ нашавам.

▪️Дунё саховатмандтар аз он аст, ки муваффақияти касе, роҳи муваффақияти маро танг кунад.
ИНСОН КИСТ?
🌿🪻🍃💗🌿🦋🍃
Шанбе: ба дунё меояд.
Якшанбе: роҳ меравад.
Душанбе: ошиқ мешавад.
Сешанбе: шикаст мехӯрад.
Чаҳоршанбе: издивоҷ мекунад.
Панҷшанбе: ба бистари беморӣ меафтад.
Ҷумъа: Падруди дунё мегӯяд.
Бихандеду хуш бошед. Фурсатҳои зиндагиро дарёбед.
Шод шудан аз шодии дигарон, як каромат аст, ки Худо ба ҳаркас надодааст.
Он касе, ки аз тамошои шодии шумо ҳолаш хуш шуд ва по бар пойи шумо бол даровард аз хушҳолӣ, пас бидонед, ки ӯ солимтарин ва беғаразтарин одам аст. Қадри ӯро бидонед ва ба хотири доштанаш хушбахт бошед ва ҳар рӯз шукргузор бошед!❤️
Показать ещё