Фильтр
Имруз ки туро Худо чи дода !
Метвон ки набуд чи буд чора .
Ҳар неъмате даст дори қадр дон !
Бош бо караму сипос ба Яздон .

Аввал ки дори тан саломат
Ин сохта туро дур зи маломат
Сони бинигар ба шакли атвор
Зебо чи кашид қалам қаҳвор

Имон чи хуш аст зи рузи тавлид
Бар қалб ниҳода зеҳн тавҳид
Бар ҷаннати дун чу хоҳи ворид
Деҳ меҳру вафо ба суи волид

Бо тифл гузарон вақт ба бештар
То ки ба камол назад ба нештар
Он молу симу зар ба ки мони
Гар ақл набуд барад ба фони

Аз илми замон ба ченаки вақт
Бе баҳра намон чу вақт буд нақд
Бо хислати нек бузург чу гардад
Бар пири бувад даво ба дардат

Бо симу зарат ба сар-ш марезон
Бо нархи гарон махар-ш луъбон
Чунки нафасест ба тифл шодӣ
Гург агарчи кор набошад чузъ ба вахшат рузу шаб андар шикор
Худ насозад мисли зоти одамият беукубат шармсор
Падар

Гузар доштам з-масири куҳу саҳро
Ба чашм афтод зи дури марди танҳо
Расидам баъди чанде пеши он мврд
Бигирам чанд бароям панду ҳикмат

Салом додам ба одоби швриат
Бидодам чанд саволе аз раъият
Бигуфтам бар падар хизмат чи бояд
К-Набошам пеши Холиқ хору зиллат

Бигуфто эй писар ин қисс дароз аст
Шунид гар сабр дори кулл зи роз аст
Ба номи он Худои ҳарду олам
Нагуям ҷузъ ба рости дарду оҳам

Биҳишт аст дун ба ҳар ки гар падар буд
Зи ҳар нокомиву навмеди бадар буд
Ба сад меҳру садоқат дода таълим
Ба чашмаш ҳар як аз худ муътабар буд

Зи тавлид дода ном ҳам дарси қуръон
Ҳамекард умри ширин баҳр-т қурбон
Вазирест бе ғараз бар тахти Шоҳи
Бимирад худ вазир то гарди Султон

Показать ещё