Нишонаҳое, ки Аллоҳ барои бандагонаш мефиристад, барои тарсонидани онҳо ва нишон додани қудрату тавоноии Аллоҳ аст. Аллоҳ мефармояд:
“Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон афзуда мешавад”. Сураи Исро, 60.
Заминларзаву заминҷунбӣ яке аз нишонаҳое аз ҷониби Аллоҳ мебошад, ки ҳамчу хабаре барои тарсонидани мардум фиристода мешавад, ки зиндагии одамӣ метавонад дар лаҳзае ба охир расад. Аллоҳ мефармояд:
“Мо ин нишонаҳоро фақат барои тарсондан мефиристем”. Сураи Исро, 59.
Яке аз ҳикматҳое, аз заминҷунбӣ бармеояд, ин аст, ки Аллоҳ бандагонашро метарсонад, ки он биноҳову шаҳрҳо, ки инсон дар давоми даҳсолаҳо бино мекунад, Аллоҳ метавонад дар якчанд сония ба хок яксон кунад, в