Фильтр
***** МУНОҶОТ *****
Ё Раб, назаре кун ба дили зори Муродӣ,
Саршори ғам аст синаи афгори Муродӣ.
Сар то қадамам ғӯтида бар домани исён,
Тарсам, чи шавад оқибати кори Муродӣ.
Бо лутфу карам роҳе намо сӯи наҷотам,
Чунки набувад ҷуз ту мададгори Муродӣ.
Бо рӯи ниёз омадаам пеши дари ту,
То сози қабул тавбаву изҳори Муродӣ.
Эй Холиқи пок , оинае соз диламро,
Равшан бинамо гавҳари дидори Муродӣ.
Ҷуз Ту натавонад касе бедор бисозад,
Аз хоби гарон қалби гунаҳкори Муродӣ.
Ҳар гоми маро ҷониби даргоҳи худат бар,
Гар мунҳариф*аст пояи рафтори Муродӣ.
Думболи Калому сухани поки Расулат
Побаста бикун ҷумла ҳама кори Муродӣ.
Рӯзарду сарафканда макун пеши Ҳабибат,
Бо дидани Ӯ рӯи нагунсори Муродӣ.
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
***** (Зи ман ранҷидаӣ ...)*****
"Зи ман ранҷидаӣ, ранҷиданат охир барои чист?"
Дили санҷидаро санҷиданат охир барои чист?
Чу моҳе нурпошӣ менамудӣ бар фазои дил,
Зи шоми синаам бибриданат охир барои чист?
Намедонам, чи кардам ҷуз вафо дар ҷодаи ишқат,
Ҷафоро лоиқи ман диданат охир барои чист?
Бигуфтам синаам гулзор гардад аз гули васлат,
Ба қалбам тухми ғам кориданат охир барои чист?
Муҳаббат чун раҳе бошад, ки сад зеру баме дорад!
Ба осонӣ қадам бикшиданат охир барои чист?
Муродиро набуд ҷойе агар дар гӯшаи қалбат,
Ба ишқам бо тамасхур диданат охир барои чист?
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ. 25.07.2024.
  • Класс
Показать ещё