Фильтр
Дили ман аз гами ту, аз синаам берун шуд,
Чучаям дар осумонат, мургаки мавзун шуд.
Мурги ман пар мекашид, то ба моху офтоб,
Аз хабари марги ишк, бишкаста пар поён шуд.
"Ишк-и Бефарчом" (JM).
класс
Ёр рафту интизораш мондаам,
Умр рафту дар шумораш мондаам.
Ишқ мурду зиндагиям мурдагист,
Устухоне – ёдгораш мондаам.
Оташи дил мурд андар синаам,
Ман чу дуде аз шарораш мондаам♥..****
Гирифта номи ту фарёд кардам,Диламро бо ғамат обод кардам.Нишаста то сахар бо чашми гирён,Туро, эй хамдами дил, ёд кардам.
дили бемори ман
Ишқи ту бо бевафоӣ мекушад охир маро,
Дурият бо ғамфизоӣ мекушад охир маро.

Нест андар қалби покам ҷуз хаёли рӯи ту,
Ҳаҷри ту бо ҷонзудоӣ мекушад охир маро.

Баски ман чизе надорам ҷуз дили пок баҳри ту,
Васл бо қимматбаҳоӣ мекушад охир маро.

Тарк кардам дӯстонро баҳри пайдои ту ман,
Бекасӣ, беошноӣ мекушад охир маро.

Хушк мегардад дарахти умри ман аз дурият,
Оқибат дарди ҷудоӣ мекушад охир маро.

Ҳеҷ тарсам нест аз гапҳои сахти дигарон,
Ҳарфи ту бо носазоӣ мекушад охир маро.

Ҷуз вафо дигар чизе аз ман намеояд бурун,
Бевафоё, бовафоӣ мекушад охир маро.

Ҳамчу Лоиқ қалби Шайдо пур зи ишқасту умед,
Ошиқӣ, азҳамҷудоӣ мекушад охир маро.
Худоё чаро месузони иншабу руз,Зи гайри ту надорам ёри дилсуз ,Хама умрам гузашт дар интизори азизам азизам аз барам рафт сад афсуз...?
МОХАМ ЗИ РОХ РАСИДУ ВАЛЕ НОРАСИДА РАФТ! ХАРФЕ НАГУФТАВУ СУХАНЕ НОШУНИДА РАФТ!! МАН ПЕШИ У ДАВИДАМУ У ПАС НАКАРДУ РУЙ! АЗ ПЕШИ РУ ЧУ АШК БА ДОМАН ЧАКИДА РАФТ!!:-( :-( гулруи р
Аз гиряву охи ту дилам мондааст.
Аз руи чу мохи ту дилам мондааст.
Дил баста будам ба тори зулфи сияхат.
Аз зулфи сиёхи ту дилам мондааст.
" Синочон Сафои"
Показать ещё