Д Е Ҳ А И Ш И Н Г!
( Мақолаи якум).
Деҳаи Шинг яке аз қадимтарин деҳаҳои ноҳияи Панҷикат мебошад. Даҳҳо деҳаҳои ноҳия баромадаш аз деҳаи Шинг аст. Масалан, деҳаи Гезани Поён дар аввалҳои асри 19 ( баъди соли 1810) бо ба онҷо кӯчидани гурӯҳи чорводорон ва кишоварзон, ки заминҳои кишташон он ҷо буд, бунёд шудааст. Ҳамин тавр деҳаҳои Ровадин, Зебон, Филмандар ,Хумгарон, Бедак, Ҷомчашма, Хирсхона, Нови Чомоқ, Шингаки он тарафи дарёи Зарафшон, Равот, Варзи Канда, Шингаки Фароб, Боғча, Меҳробод, Саразм, Рогич, Зиндовуд, Сафедтеппа( Оқкутал), дар давраҳои гуногун бо онҷо рафтани мардумони кучӣ аз Шинг бунёд шудаанд. Инчун