Фильтр
100
Ёрон чу ба иттифок меод кунед,
Худро ба чамоли якдигар шод кунед.
Соки чу майи маёна бар каф гирад.
Бечора маро хам ба дуо ёд кунед.
99
Эй бода, ту маъшуки мани шайдои,
Ман мехураму натарсам аз расвои.
Чандон хурамат, ки харки бинад, гуяд:
"Эй хуми шароб, аз кучо меои?"
98
Гуянд маро, ки: "май ту камтар хур аз ин!
Охир ба чи узр барнадори сар аз ин?"
Узрам рухи ёру бодаи субхдам аст,
Инсоф бидех, чи узр равшантар аз ин?!
97
Мо афсару хону точи Кай бифрушем,
Дастору касаб ба бонги най бифрушем.
Тасбех, ки пайки лашкари тасвир аст,
Ногох ба як пиёла май бифрушем.
96
Сармаст ба майхона гузаркардам душ,
Пире дидам масту сабуе бар душ.
Гуфтам, ки " чаро надори аз яздон шарм?"
Гуфто, ки "карим аст Худо бода бинуш."
95
Ман бода хурам валек масти накунам,
Илло ба кадах дароздасти накунам.
Дони, гаразам, ки майпарасти чи бувад,
То ман чу ту хештанпарасти накунам.
94
То хушёрам тараб зи ман пинхон аст,
Чун маст шудам дар хирадам нуксон аст.
Холест миёни мастию хушери,
Ман бандаи он, ки зиндагони он аст.
93
Ибрики майи маро шикасти, рабби,
Бар ман дари айшро бубасти, раби.
Бар хок бирехти майи гулгунро,
Хокам ба дахан, магар ту масти рабби?
92
Моем харидори майи кухнаву нав,
В-он гох фурушандаи олам ба ду чав,
Гуфти, ки: " пас аз марг кучо хохи рафт?"
Май пеши ман ор, хар кучо хохи рав!
Показать ещё