Фильтр
салам алейкум всем мусульманом
  • Класс
Шайхе шогирдони худро дарси ақида меомухт. Ин шайх дар хонааш ҳайвонҳои гуногуне дошт. Рузе як шогирдаш барои шайх тути ҳадя кард. Тути ҳар руз аз забони шайх ва шогирдонаш калимаи "Ла илаҳа иллаллоҳ"-ро мешунид ва ин калимаро такрор мекард. Рузе шогирдони шайх ба дарс омаданд ва диданд, ки шайх зиқ ҳасту мегиряд. Аз у пурсиданд: Эй шайх, чаро гиря мекуни? Шайх дар ч,авоб гуфт: Гурба ба тути хуч,ум кард ва уро ҳалок кард. Шогирдонаш гуфтанд: Эй шайх, ноумед машав барои шумо аз тутии аввала дида беҳтарашро меорем. Шайх дар ч,авоб гуфт: Гиряи ман ба хотири тути нест, гиряи ман ба он хотир аст, ки вақте, ки гурба бар сари тути ҳуч,ум кард, тути фақат доду фарёд мезад, аммо он калимаи "Ла илаҳа
Биё аз ғарб мегуям бароят,
Ки ғарбиҳо кунанд, аз Ҳақ ҷудоят.
Ҳама бесатриву шарму ҳаёро,
Ба хоҳарҳои мо карданд иноят.
Ту ҳам бедор шав, эй хоҳари ман,
Ки ҳастанд, бехудоҳо аз қафоят.
Либоси тангу урёни баданро,
Биёранд ғарбиҳо, имруз бароят.
Марав дар роҳи макру бевафоги,
Макун найрангу бози бо Худоят.
Сару сина мазан дар рохи Шайтон,
Ки фардо пеши Ҳак бошад ҷазоят.
Надорам кина бар ту хоҳари ман,
Илоҳо, боши дар роҳи ҳидоят.
Бихон, эй хоҳарам шеъру ғазалро,
Дуъогуй бош, бароям дар дуъоят.
Ассалому алекум бародарон ва хоҳрони азиз.
Ба шумо якчанд суол доштам. Оё пеш аз оне ки ба шабакаҳои интрнети ворид мешавед боре ба соат менигаред.Ё инки соатҳои дароз дар ҳар гуна сайт ҳо медароед ба соат менигаред ки вақти намоз аст, ва панҷ дақиқа барои намоз вақт ҷудо карда метавонед.
Имурузҳо мо шоҳиди онем ки бисёриҳое аз мо ба шабакаҳои интрнети ворид мешавем ба сайру гашт мебароему намозамонро фаромуш мекунем, ҳатто парвоҳам надорем.Ва баъзе ҳоямон бошад намозамонро мехонем, аммо хело тез тез мехонем ва ё инки дар вақташ намехонем.
Мисол: Мо ба бозор меравем ва дар онҷо либосҳои зиёде ҳастанд.Мо аз байни онҳо либоси босифат (оргинал) ва гаронбаҳо (қимат)–ро интихоб мекунем, ва он
Яке Искандари давру замон аст,
Дигаре дар ҳасрати як бурда нон аст.
Яке шоҳи кунад мисли Сулаймон,
Дигар талбанда монанди гадоён.
Якеро молу сарват беҳисоб аст,
Дигар аз гушнаги дар изтироб аст.
Яке дар ғафлату дар кайфи хоб аст,
Дигар дар меҳнату ранҷу азоб аст.
Заноне аз пайи андеша гашта,
Заноне фосиқу фоҳиша гашта.
Зане андар фироқи шавҳараш сухт,
Зане номуси худ бо мол бифрухт.
Якеро қайлаву сиху кабоб аст,
Дигар бо ними нону култи об аст.
Яке беранҷу меҳнат мисли шоҳ аст,
Дигар ҳам ранҷ бурд ҳам хоки роҳ аст.
Яке зар баҳри хоб бо гулрухон дод,
Дигар аз гушнаги дар роҳ ҷон дод.
Показать ещё