Амри маъруф ва наҳйи мункар Бар ҳар марду зани мусалмон воҷиб аст, ки амри маъруф ва наҳйи мункарро ба қадри тавонаш анҷом диҳад бояд аҳли илм, аҳли қалам, суханварон ва ҳар шахсе, ки дар ҷомеа таъсир расонда тавонад, бо илму ҳикмат барои роҳнамоии мардум қиём намояд, насиҳат кунад ва амри маъруф ва наҳйи мункар намуда дар густариш додани корҳои нек ва аз байн бурдани корҳои зишт дар ҷомеа саҳми худро гузорад Ҳазрати Абубакр аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят кардаааст: «Ҳеҷ қавме нест, ки дар он гунош мунташир гардад ва онҳо тавони тағйири онро дошта бошанд, вале тағйираш надиҳанд, магар зуд аст, ки азоби Худованд болои ҳамаи онҳо меояд». Ҳазрати Абудовуд низ ривояте дорад ки Ҷари