Дилам хоҳад ҳаво бошам фаро гирам фазои ту,
Шавам ё абру бороне фурӯ резам ба пои ту.
На ишқамро пазируфтӣ на борону ҳавоямро
Шудам ман шуълаи оҳеву чу дуде аз барои ту.
Вале огаҳ нагардидам, ки дил баҳри кӣ биспурдам,
Ҳамин бошад, ҷазои ман намебинам вафои ту.
Агарчӣ ҳар дам афзунтар ба ҳоли хеш месӯзам,
Забони ман намегардад, ки бад гуям дуои ту.
Ҳама дар ин ҷаҳон охир сазои хеш мебинанд,
Ба ман ояд хатои ман, ба ту ояд хатои ту.
Ту дар ман ҳастӣ то ҳастам, бидуни қисмату хоҳиш,
Худамро дӯст медорам, валекин аз барои ту.