109
Сураи КОФИРУН
Ба номи Худои бахшояндаи
меҳрубон!
1 Бигӯ: «Эй кофирон!
2 Ман чизеро, ки шумо
мепарастед, намепарастам
3 ва шумо низ чизеро, ки ман
мепарастам, намепарастед
4 ва ман парастандаи чизе,
ки шумо мепарастед, нестам
5 ва шумо парастандаи чизе,
ки ман мепарастам, нестед,
6 Шуморо дини худ ва маро
дини худ!»