Фильтр
Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.

Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.

Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.

Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.

Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.

Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам

Бо ишки ту гирифторам азизам!
Дил аз ин рох набардорам азизам,
Маро ту дуст дори,ё надори.
Туро ман дуст медорам азизам! ♥
Гуноҳатро намебахшам,
Ки саргардони худ кардию
рӯгардон шудӣ аз ман.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки дар даврони мардон ёри
номардон шудӣ аз ман.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки аз даргоҳи ишқи беғуборам дар ба дар
рафтӣ.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки аз гулҳои рангини баҳорам бехабар рафтӣ.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту ахтари иқболи ман
дар авҷи гардун мурд.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту дар дилам сад достони ишқи Маҷнун мурд.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Пахлавон Махмут

Е раб дар халқ такягоҳам накуни, Муҳтоҷи вазиру подшоҳам накуни
Муи сияҳам аз карамат гашта сафид,
Бо муи сафедам русиеҳам накуни.

Бар руи гул аз абр ниқоб аст ҳануз,
Дар табъи дилам майли шароб аст ҳануз.
Дар хоб марав чи ҷои хоб аст ҳануз,
Ҷоно май хур ки офтоб аст ҳануз.

Аз дур бидидам лаби пурхандаи ту,
Озод будам , боз шудам бандаи ту.
Ҳар банда, ки озод шавад шод шавад,
Ман шод бар онам, ки шудам бандаи ту.

Эй дил ба каманди дилбари афтоди,
Дар доми бути ситамгари афтоди.
Аз қайди яки халос ногашта ҳануз,
Фи алҳол ба дами дигари афтоди.
Дил бидех ки баркасе инсон бошад
Ошик шавад ба ту мехрубон бошад
Ноз ба касе кун ки харидори ту бошад
Назди он касе равки талабгори тубошад
Туро дида тормузом корнакард,
Ай руй хушругии ту шида, задм старекса.
Гаи медава ай пуштум мега, абача чокади,
И бмв-у_х6-а чикор кунум камандирч,он.
Ай пушти ошики шида ба чи бало гирифтор шидм,
Чиян зик, наша ошики х,амаш дуругай.
(Ррост гуфти акай камандир)
Показать ещё