БӮЙИ ПАДАР ҚИСМИ 13...
ИДОМААШ...
-Мебарам, атаҷон, мебарам! Модарам шуморо
хеле ёд кардааст. Агар шуморо бинад, ҳеҷ
бовар намекунад,- тааҷҷубангез калла ҷумбонд
Фирӯза. Диловар каме ханда карда,
чашмонашро бо кафи дастонаш молида монд.
Чизе гуфта натавонист. Фирӯза боз ба сухан
даромад. -Атаҷон! -Ҷони ата. -Ту чаро моро
партофта рафтӣ? Моро фиреб доданд, ки шумо
гузаштаед. Мо то имрӯз фикр кардем, ки дигар
шуморо дар зиндагӣ намебинем. Модарам аз
ғами шумо обу адо шуда рафт. Чи рӯзҳои
сангинро аз сар нагузаронд. -Фирӯзаҷон!
Дигар чӣ кор мекардам? Ман шуморо
напартофтам, маҷбур шудам чанд вақт
худамро нишон надиҳам. Охир, он ваҳшиҳо...
Фирӯза сухани падарро бурида пурсид: -К