Фильтр
Дуо ҳангоми пушидани либос

АРАБӢ
«Алҳамду лиллоҳ-л-лазӣ касонӣ ҳозо (ассавба) ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувватин»

ТОҶИКӢ
«Ситоиш аз они Худоест, ки ин либосро ба ман пӯшонид ва онро рӯзиям гардонид, бе тавоноиву кудрати ман»
يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لِمَ تَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَأَنتُمْ تَشْهَدُونَ

(Ал Имрон - 70)
Эй аҳли китоб, бо он ки худ ба оёти Худо шоҳидӣ медиҳед, чаро инкораш мекунед?
لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ ۖ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۚ أَنتَ مَوْلَانَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ

(Ал Бақара - 286)
Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи уст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кар даем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи вазнин ниҳодӣ,
آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ ۚ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ ۚ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ

(Ал Бақара - 285)
Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ як паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки бозгашти ҳама ба сӯи туст!»
لِّلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِن تُبْدُوا مَا فِي أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ اللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَن يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

(Ал Бақара - 284)
Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!
۞ وَإِن كُنتُمْ عَلَىٰ سَفَرٍ وَلَمْ تَجِدُوا كَاتِبًا فَرِهَانٌ مَّقْبُوضَةٌ ۖ فَإِنْ أَمِنَ بَعْضُكُم بَعْضًا فَلْيُؤَدِّ الَّذِي اؤْتُمِنَ أَمَانَتَهُ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ ۗ وَلَا تَكْتُمُوا الشَّهَادَةَ ۚ وَمَن يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُ آثِمٌ قَلْبُهُ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

(Ал Бақара - 283)
Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро боварӣ кард, он кас, ки боварӣ карда шуд, амонатро боз диҳад ва бояд аз Оллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шоҳидиро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шоҳидиро пинҳон кунад, ба дил гуноҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Показать ещё