Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест
Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест
Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест
Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест
Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!
Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…
Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!
Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест
Озарахш