Фильтр
Пархезгори ва
так,во дар аъмол ва дар
рафтор зинати имондорист
Худованд мефармояд ...(Ба
дуруст ки наздиктарини шумо
бар Ман так,водорони
шумоанд )
Ибодат хос барой Аллох, аст ва
хосту х,укми Илох,ист ки сабаби
хулук,ят ва х,айоту зиндагий
мост ...
Ин чунин парх,ез аз гунох, ва
амалх,ой бад ва фах,шо ва
фиск, низ аз фармони Илох,ист
Агар х,ар мусалмоне тамаъ
дошта бошад ки гунох, кунам
Аллох, Гафуру Рах,им аст ва
давом дихад бар гунох, ва
маъсияти гунох, ин хатост ва
иштмбох, мекунад ..
Тарси Худо бояд аз х,ама боло
ва аъло бошад ва тавбаву
истигфор низ бояд аз сидк,
бошад ва гунох, такрор
нашавад ва аз гунох, ва рохи
гунох, дури ч,уяд ва аз
х,амнишиноне ки машгули
Гушаи рохат дуои Модар аст,
Гушаи чаннат ризои Модар аст.
Кадри Модарро бидон дар зиндаги,
Лутфу рахмат аз Худои модар аст!
Биё наврӯз
Аҷаб зебо бувад ин иди наврӯз,
Пур аз шодист ин ҷашни дилафрӯз.
Ба ҳар боғу чаман гулҳо шукуфта,
Ҳама пиру ҷавон шод аст имрӯз.
Баҳор андар бағал сад роз дорад,
Навои чангу тору соз дорад.
Кушода болу пар ҷуфти кабӯтар,
Чӣ зебо дар ҳаво парвоз дорад.
Замину кӯҳу саҳро гашта гулпӯш,
Фараҳ дар синаи мо мезанад ҷӯш.
Бигӯям бо дили пур аз таманно,
Ба пеши мо, ту наврӯз, омадӣ хӯш.
Лабони духтарон дар ханда бошад,
Гул андар зулфашон зебанда бошад.
Биё наврӯзи гулбезу гулафшон,
Қудуми неки ту фархунда бошад.
Омад баҳор
Омад баҳори гулфишон,
Хушранг шуд кӯҳу дамон.
Рақседу хурсандӣ кунед,
Эй одамон, эй одамон.
Дунё муаттар мешавад,
Чун зулфи духтар мешавад.
Аз резаборони баҳор,
Рӯи замин тар мешавад.
Булбул ғазалхонӣ кунад,
Гул накҳатафшонӣ кунад.
Файзи баҳор имсолро
Соли фаровонӣ кунад.
Хуш омадӣ, эй навбаҳор,
Эй навбаҳори файзбор.
Аз мақдамат зебо шавад,
Ҳар шаҳру деҳоти диёр.
"Меравам,аз ошёни
мармаринат,"
Меравам,аз кулбаи мехрофаринат.
Меравам,аз куйи орзухои холи,
Меравам,аз пуштаи гамофаринат.
Меравам,то ки туро бадбахт насозам,
Меравам,то зиндагият сард насозам.
Гарчи хасти ту бароям яккаву зор,
Номи ишкро,то абад пургард насозам.
Меравам,бо он хама мехру вафоят,
Меравам,бо кисмати дардошноят.
Меравам,то ин ки ту хушбахт боши,
Зиндагию бахтро хохам бароят.
Ту маро хеч гох магу,ки носазоям,
Дар рахи ишку мухаббат бевафоям.
Гарчи рафтам,аз барат хомуш имруз,
Бахти ширинро бихохам ман бароят.
Шоядо кисмат,маро гар бо ту орад,
Бахту фирузи ато созам ба поят.
Доманатро сар надихам,он замон ман,
То дами маргам бигардам
чонфизоят...****
Ало эй бонувони рӯи дунё,
Шуморо карда табрик аз дилу ҷон.
Бихоҳам аз Худо ман бахти фирӯз,
Ки бошед то абад чун ғунча хандон.
Ало эй бонувони рӯи дунё,
Шумо Зан-Модар аз сӯи Худоед,
Ҳама мардони олам бе шумо ҳеҷ,
Вуҷуди олами зебо шумоед.
Ало эй бонувони рӯи дунё,
Иллоҳо доимо поянда бошед.
Чу офтоби сари боми баҳорон,
Шумо болои мо рахшанда бошед.
Ало эй бонувони рӯи дунё,
Шуморо табрику сад таҳният бод.
Ҳазорон дастагулҳо пеши потон,
Суруди аллаҳотон амният бод!
Бонувони азиз!! Модарону хохарони
мехрубон. Хамаи шумоёнро бо фарорасии
иди занону модарон табрику муборакбод
намуда ба шумо пеш аз хама умри дароз ,
сихативу саломати ва комёбихои нав ба
навро дар хаётатон хо
Як ошики
чонпарварам, аммо надонам,
ишк чист?
Аз ишк бе пову сарам, аммо
надонам , ишк чист?
Бо урфу расми одамин дар
мехрбозори замин,
Чон додаву дил мехарам, аммо
надонам, ишк чист?
Аз дидахо бар дидахо, в-аз
синахо бар синахо,
Пайки мухаббат мебарам,
аммо надонам ишк чист?
Дар мактаби сидку сафо аз
фанни паймону вафо,
Донотарин донишварам, аммо
надонам ишк чист?
Ман хафт шахри ишкро дар
кучае дарёфтам,
Рустоии шахрофарам, аммо
надонам ишк чист?
Бо ишкбозони чахон гохе
чунин, гохо чунон,
Хамбодаву хамсогарам, аммо
надонам ишк чист?
Лайлову Мачнуни кухан,
Фарходу Ширини навин,
Ман аз шумо ошиктарам, аммо
надонам ишк чист?****
Ганҷи муҳаббат
Боз омад навбаҳори зиндагӣ,
Мурғи ишқ андар дили ман лона кард.
Лашкари шодӣ ба марзи дил расид,
Хонаи ғамро ҳаме вайрона кард.
Боз пайки навбаҳор омад ба гӯш,
Дар даруни сина мерақсад дилам.
Ашки шодӣ рехт аз чашмам, кунун
Сабз гардад мазраи беҳосилам.
Боз ёри рафта омад бар канор,
Ғуссаро аз синаи ман дур кард.
Қуфли хомӯшӣ шикаст аз хандааш,
Бо ҷамолаш хонаро пурнур кард.
Пар кушод аз лонааш мурғи забон,
Дар ҳавои рози дил парвоз кард.
То ба гӯши ёр овозаш расид,
Аз муҳаббат қиссаҳо оғоз кард.
Эй Худо, гар хоб бошад ин ҳама
Субҳидам аз хоб бедорам макун.
Андар он ганҷи муҳаббат ёфтам,
Муфлису мискину нодорам макун.
Показать ещё