Ҳукми истиъмоли носу сигор Дар шариати мо, маъмулан аҳком ба сурати куллӣ баён гардидаанд, ба хилофи шариатҳои пешин, ки аҳком дар онҳо ба сурати ҷузъӣ баён мешуданд. Ва ба сухани дигар, бештари дастуроти исломӣ, дастуроте ҳастанд, ки қобили татбиқ бар мавориди ҷузъии мутаадиде мебошанд. Барномаҳо ва дастуроти паёмбарони пешин, ҷузъӣ ва барои як замон ва як ҷомеаи хоссе буд, вале барномаҳо ва аҳкоми исломӣ, куллӣ ва қобили татбиқ дар ҳар замон ва маконе мебошанд. Ба иборати дигар, посухи шумо ин аст, ки дуруст аст, ки ҳар мавзӯи ҷадиде, ки пеш меояд, ҳукми он дар манобеъи исломӣ ба унвони ҷузъияш ворид нашудааст, зеро дар замони рисолат аслан он мавзӯъ вуҷуд надошт, ки ҳукмаш баён гардад, ва