Ҳайфи он умр ки дар ғафлату исен гузарад, Ҳайфи он руз ки бе лаззати имон гузарад. Ҳар ки ҳам чону ҳам амвол ба дуне бифурухт, Охир аз олами се руза пушаймон гузарад. Пеши иблис ҳама мардони чаҳон номарданд, Мард он аст ки аз ин даҳр ба имон гузарад. Назди мардум ҳама даъвои ғуломи доранд, Банда он аст ки дар роҳи Ҳақ аз чон гузарад. Аз гумони баду ғайбат чи муроде ҳосил, Ҳайфи он умр ки бо ғайбати ерон гузарад. Шайхи олам бикушо васфи Худованд намо, То ки ин лаҳза ба хушнудии Раҳмон гузарад