Ана як шеъри хуб барои ҳаводорони Ҳоҷӣ Ҳусайн
Эй ки бар хотири мо ҳеҷ мадоро накунӣ,
Умр бигзашту назар бар тарафи мо накунӣ.
Ошиқон дар ғами ту ҳоли табоҳе доранд ,
Ту чаро пурсиши ин қавм тақозо накунӣ?
Бари як хандаи ту хотири мо ранҷур аст,
Чи табиби ки ба ин дард мудаво накунӣ?
Оби чашмам ки чу Ҷайҳун ба раҳат мерезад,
Гузаре бар лаби ин чашма тифоқо накунӣ.
Ҳамчунин лоласитонҳо дили мо пурхун аст,
Ба чунин лоласитон сайру тамошо накунӣ.
Эй фалак рӯзу шабон баҳри чи саргардонӣ,
То сукун як нафасе аз паи дунё накунӣ.
Ҳоҷӣ чун шеваи хубони ҷаҳон бемеҳрист,
Ба ғалат меҳр аз ин ҷумла таманно накунӣ.