Фильтр
Дарсе, ки ман аз худ кардам: Ҳамеша омода бош, ки танҳо биистӣ. Одамон метавонанд дар як сония тағйир ёбанд. Имрӯз ту барои онҳо як ҷаҳон ҳастӣ, аммо фардо ҳеҷ. Зиндагӣ ҳамин аст!****
Чашмам ба раҳат нест дигар чор, наё,
Пазмони мани ғамзада дидор наё.
Ёдам наравад гуфта будӣ: "яктоӣ",
Якто ману монанди ту бисёр, наё..****
Ҳарчанд ба худ мегӯям, ки ҳамааш ба поён расид, аммо пазмонӣ меояд ва исбот мекунад, ки дурӯғ гуфтаам..😔****
Раҳояшон кун!
Набудани баъзеҳо дар зиндагият чизеро кам намекунад..💔****
Ҷафо кардӣ, вале номат вафо буд,
Дили сангини ту кай ошно буд?
Ба ҳар як хандаат додам ҷаҳонро,
Надонистам, дареғо бебақо буд.
Маро дар оташи ишқат бисӯхтӣ,
Гумон кардам, ки ин сӯз ҳам даво буд.
Ба қатлам ҳукм кардӣ, эй ситамгар,
Гуноҳи ман чӣ буд? Кори Худо буд?
Туро мехостам аз баҳри дармон,
Надонистам, ки дардат бедаво буд..****
ХУМОРИ МАНЗИЛИ КӮИ ТУ
ДОРАМ,
УМЕДИ ДИДАНИ РӮИ ТУ
ДОРАМ,
САРИ АНДЕШААМ АЗ РУИ
ДАСТАТ,
ХУМОРИ РӮИ ЗОНУИ ТУ
ДОРАМ.
Ӯро дӯст доштам.
Он қадар, ки худамро гум кардам.
Ман наздикӣ нахостам
ман будан мехостам.
Аммо ӯ дур буд, ҳатто вақте наздик менишаст.
Ба чашмонаш, ки менигаристам,
худамро хурдтар медидаму ӯро болотар.
Ман гап задам.
Ором.
Бо умеде, ки шояд шунида шавам.
Аммо хомӯшӣ ҷавоб буд.
Хомӯшие, ки мегӯяд:
«Ту аҳамият надорӣ.»
Вақте одамро намешунаванд,
дили ӯ роҳ меҷӯяд.
Ман ҳам роҳеро интихоб кардам,
ки бояд интихоб намекардам.
На барои тарсондан,
на барои зӯр
барои он ки эҳсосе бедор шавад.
Аммо эҳсосе, ки аллакай мурда буд,
бедор намешавад.
Ӯ рафт.
Бо баҳонае хурд,
бар дарде бузург.
Ман танҳо мондам
ва фаҳмидам:
Муҳаббат
бе эҳтиром
фақат номи зебои хорӣ аст.
Аз он рӯз
ман дигар худро исбот нам
Показать ещё