Аз он танҳоиву мулки ғариби шуд ҳавас моро
Ки рузе чанд нашносем мо касрову кас моро.
Зи дасти мо агар побуси хубон барнамеояд,
Ҳамин давлат, ки хоки пои эшонем, бас моро
Ба роҳи маҳмили ҷонон чунон бехуд наям имшаб,
Ки ҳуши рафта бозояд ба фарёди ҷарас моро.
Ба оби чашми мо парварда шуд хору хаси куяш,
Вале гулҳои ҳасрат медамад з-он хору хас моро.
Гар аз дил ҳар нафас ин оҳи оламсуз бархезад,
Касе дигар нахоҳад сохт бо худ ҳамнафас моро.
Зи дасти мо кашидӣ турраву сад ҷо гиреҳ бастӣ
Ки кутах, гардаду дигар набошад дастрас моро.